Тафсири Сураи Юнус Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юнус Ояти 33
كَذَٰلِكَ حَقَّتْ كَلِمَتُ رَبِّكَ عَلَى الَّذِينَ فَسَقُوا أَنَّهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ ٣٣
Казалика ҳаққат калимату Раббика ъала-л-лазӣна фасақу аннаҳум ла юъминун. 33.
33. Ҳамчунин ҳукми Парвардигори ту ба касоне ки аз доираи салоҳ берун шуданд, собит шуд, ки онҳо имон намеоранд.
Аз мазмуни ояти қаблӣ маълум шуд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ бутҳои бутпарастон лоиқи ибодат набуданд ва ҳеҷ вақт сазовори ибодат намегарданд. Зеро онҳо барои худ ҳатто на нафъро соҳибанд ва на зарарро. Наметавонанд, касеро миронанд ва на касеро зинда гардонанд ва на назди Аллоҳтаъоло барои касе шафеъ шуда тавонанд. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ, ҳатто як зарра ҳам бошад, дар офариниши махлуқот шарики Аллоҳ шуда наметавонанд.
Касоне, ки бутҳо (ғайри Худо)-ро мепарастанд, ақлу дин, дунё ва охирати худро ба боди фано додаанд. Он саволҳое, ки дар ояти қаблӣ гузаштанд ва ба ваҳдонияти Аллоҳтаъоло далолат мекарданд, барои шахси хирадманд бисёр далели равшан, бисёр мавъизаи хуб ва ҳидоят буданд. Акнун, ки мушрикон ба розиқу молик ва мудаббиру зиндагардонанда ва миронанда будани Аллоҳтаъоло иқрор бошанд, чаро аз Аллоҳ натарсида, дидаву дониста бар хилофи илму донишашон, дар баробари Аллоҳтаъоло бутпарастӣ мекунанд? Чаро аз тоъату парастиши Аллоҳи ягона сар мекашанд? Чун онҳо бо кибру ғурур аз ибодати Холиқи ҳақиқӣ даст кашиданд, дар ҳақиқат онҳо ба сарнавишти шуми худ пайвастанду фосиқанду имон намеоранд. Оре! Ин гуна инсонҳо ҳам фосиқанду ҳам фоҷир. Бо ин гуна сифатҳо ҳаргиз имон барои онҳо муяссар нест. Албатта, ин ҳама машияти (хости) Худост, дар он ҳеҷ шаке нест. Локин аз осори амалҳои ҳар инсон ба хубӣ фаҳмида мешавад, ки ҳеҷ гуна далеле нест, ки ӯ ба содир кардани гуноҳ маҷбур бошад. Ҳарчи кардааст, бо ихтиёри худ кардааст. Агар содиркунандагони гуноҳи азим (бузург, кабира) тавба карда, ба роҳи ҳақ бознагарданд, муддатҳои тӯлонӣ дар оташи Ҷаҳаннам боқӣ мемонанд. Валлоҳу аълам. Худоё, аз ин гуна сарнавишти шум ва пайваста шудан ба он ба Худат паноҳ мебарем. Омин!
Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «