Тафсири Сураи Юнус Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юнус Ояти 32
فَذَٰلِكُمُ اللَّهُ رَبُّكُمُ الْحَقُّ ۖ فَمَاذَا بَعْدَ الْحَقِّ إِلَّا الضَّلَالُ ۖ فَأَنَّىٰ تُصْرَفُونَ ٣٢
Фа заликумуллоҳу Раббукуму-л-ҳаққ. Фа маза баъда-л-ҳаққи илла-З-Залал. Фа анна тусрафун. 32.
32. Пас Ӯ Аллоҳ аст Парвардигори ҳақиқии шумо, пас, баъд аз ҳақиқат ба ҷуз гумроҳӣ чист? Пас, чӣ гуна аз ибодати Ӯ рӯ мегардонед? (Ба кадом тараф равонаед?)
Намунаи осори бузургии Худованд дар осмонҳо ва Замин дар ояти қаблӣ баён гардид, Ба мухолифон аз онҳо савол шуд. Онҳо ба Парвардигор будани Аллоҳ эътироф намуданд. Ҳоло ояти таҳти назар қотеъона бо онҳо бархурд намуда фармудааст, ки ин аст Парвардигори барҳаққи шумо ва халқкунандаи он ашёе, ки аз шумо савол шуд, на бутҳо ва на дигар махлуқоте, ки дар ибодат бо Худо онҳоро шарик қарор додеду дар баробари онҳо саҷда мекунед! Ҳоло шумо ҳақро шинохтед ва ба Парвардигор будани Аллоҳтаъоло иқрор кардед, маълум шуд, ки ғайри Аллоҳтаъолоро саҷда ва ибодат кардан ботилу гумроҳист. Вақто ки ҳақ шинохта шуд, пас ҳар чи мухолифи ҳақ бошад, ботил аст, пайи он рафтан гумроҳист, дар ваҳмҳо фурӯ рафтан кори хирадмандон нест. Пас, чӣ гуна ошкоро аз роҳи ҳақ рӯй мегардонеду ғайри Парвардиггорро парастиш мекунед? Ояти зер ин нуктаро, баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «