Тафсири Сураи Юсуф – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юсуф, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, дорои 111 оят аст.
Пеш аз он ки вориди тафсири оятҳои ин сура шавем, лозим донистем мақсади баъзе оятҳои ин сураро мухтасаран ҳамчун муқаддима баён кунем. Мувофиқи таъкиди олимоне, ки ба илми тафсир сарукор доранд, сураи мазкур баъди сураи «Ҳуд» нозил шудааст. Чуноне ки гузашт, сураи «Ҳуд» дар вақте нозил шуд, ки барои Ислому мусалмонҳо вақти хеле ҳассос буд. Вақте буд, ки адади ками мусалмонҳо пайрави Ӯ (с) буданд ва аз тарафи мушрикон дар тангно қарор доштанд. Соле буд, ки наздикон ва тасаллидиҳандагони Расулуллоҳ (с), яке модарамон Хадиҷа (р) ва дигаре пуштибони ӯ (с), амакашон Абӯтолиб яке пайи дигар аз олам гузаштанд, ки он солро соли (ғаму андӯҳ) ном гузоштанд. Норасоиҳо ва мушкилиҳо барои мусалмонҳо беҳад зиёд буд, лекин мусалмонҳо ҳамаи ин ғаму андӯҳро чун имтиҳон як-як паси сар мекарданд. Дар он давраи вазнин барои тасаллии Пайғамбар (с) ва мусалмонҳо Худованд қиссаи бандаи Худ, Юсуф пайғамбар (а)-ро, ки аз чандин навъи имтиҳонҳо гузаштааст, ҳамчун дарси ибрат, дар шакли як сурае аз сураҳои Қуръон нозил кард.
Сураи мазкур мисли дигар сураҳои дар Макка нозилшуда масъалаҳои ақидавӣ ва даъвати исломиро дар бар гирифтааст. Дар ин сура тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ба роҳи даъват ба сӯйи имон ҳаракат кардан агар монеъаҳо пайдо шаванд, онҳо бояд бо сабр паси сар карда шаванд.
Ин сураро барои он сураи «Юсуф» мегӯянд, ки он бо дигар қисаҳо омехта нашуда то охир фақат қиссаи Юсуф (а)-ро ҳикоя мекунад. Дар сураи мазкур номи Юсуф (а) 23 маротиб ва дар сураи «Ғофир„ ояти 34-ум як маротиб ва дар сураи «Анъом» ояти 84 низ як маротиб ва умуман номи Юсуф (а) дар Қуръон 27 маротиба зикр шудааст.
Хулоса, аз сулолаи пайғамбарони бузург чун Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб (а) писари хубсурат Юсуф (а) ба дунё омад. Ба сабаби он, ки падарашон Яъқуб (а) ӯ (а)-ро бисёртар дӯст медошт, бародарон ба ӯ (а) рашк бурданд. Аз тарафи онҳо ӯ (а) ба фитна рӯ ба рӯ шуд. Яъне ӯ (а)-ро бародаронаш ба чоҳ андохтанду, назди падарашон омада ба ӯ (а) гуфтанд, ки мо ба бозии худ (мусобиқа) машғул будем, ӯ назди либосҳои мо истода буд, чун назди чизҳои худ омадем, дидем ки гурге ӯро хӯрдааст.
Бақияи қиссаи Юсуф (а) зери оятҳои ин сура, иншоаллоҳ, ба қадри имкон эзоҳ дода мешавад.
Олимон гуфтаанд: «Худованд достонҳои дигар анбиё (а)-ро дар Қуръон бо як маъно, аммо дар шаклҳо ва равишҳои гуногун барои панду насиҳат бо такрор зикр кардааст. Аммо достони Юсуф (а)-ро фақат дар ин сура баён карда дар дигар сураҳо такрори он наомадааст. Худованд ин сураро чун некӯтарини достонҳо ва нишонае барои саволкунандагон ва ибрате барои хирадмандон ва тасдиқкунандагони китобҳои осмоние, ки қабл аз Қуръон нозил шудаанд, гардонидааст. Сураи Юсуф (а) ягона сураест, ки дар он амру наҳй, ҳукмҳо бисёр нестанд. Сураи мазкурро барои он некӯтарини қиссаҳо гуфтанд, ки он дорои ибратҳо, мавъизаҳо, ҳикматҳое аст, ки мислашро дар дигар сураҳо дида намешаванд. Дар сураи мазкур достону ҳоли пайғамбарон, солеҳон, фариштагон, сирати подшоҳон, ғуломон, тоҷирон, мардону занон ва найрангҳою макрҳояшон зикр шудааст. Ин буд муҳтавои ин сура, ки барои мухлисон ҷамъоварӣ шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Юсуф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «