Сураи Зумар Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 26

فَاَذَاقَهُمُ اللّٰهُ الۡخِزۡىَ فِى الۡحَيٰوةِ الدُّنۡيَا‌ ۚ وَلَعَذَابُ الۡاٰخِرَةِ اَكۡبَرُ‌ ۘ لَوۡ كَانُوۡا يَعۡلَمُوۡنَ ٢٦

Фа азақаҳумуллоҳу-л хизя фи-л-ҳайати-д-дунйа. Ва ла ъазабу-л-ахирати акбар. Лав кану яъламун. 26.

26. Пас, Аллоҳ расвоиро дар зиндагонии дунё ба онҳо чашонид ва агар медонистанд, албатта, азоби охират барои онҳо бузургтар аст.

Одатан аксари Қавмҳои гузашта Пайғамбарони Аллоҳро дурӯғгӯй ҳисобида, пайғамбарии онҳоро бовар накардаанд. Ин буд, ки мавриди азобу хорию расвоӣ Қарор ёфта, азобу ҳалокати дунёӣ бар сари онҳо аз ҷое расид, ки ҳеҷ интизораш набуданд. Ҳамин тариқ, Аллоҳтаъоло онҳоро дар дунё хор гардонида, ба сахттарин тарз азобашон доду ба хок яксонашон намуд. Боз азоби бузурге дар рӯзи Қиёмат онҳоро интизор аст. Кош, онҳо онро медонистанд… Яъне ҳамаи шахсоне, ки дар дунё ба пайғамбарон (а) ситеза карданд, дер ё зуд ба чунин азобҳои Аллоҳтаъоло гирифтор мешаванд. Номи бади онҳо дар саҳифаҳои таърих то Қиёмат боқӣ хоҳад монд ва лаънати пайдарпайи халқи Аллоҳ онҳоро муддатҳои дароз дунболагир шуд. Онҳо тоифаеанд, ки зиндагии якчандсолаи муваққатиро аз зиндагии абадӣ боло гузоштаанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)