Сураи Зумар Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 33

وَالَّذِىۡ جَآءَ بِالصِّدۡقِ وَصَدَّقَ بِهٖۤ‌ اُولٰٓٮِٕكَ هُمُ الۡمُتَّقُوۡنَ ٣٣

Ва-л-лазӣ ҷаа би-с-сидқи ва саддақа биҳи улаика ҳуму-л-муттақун. 33.

33. Ва он кас, ки дини ростро овард ва он кас, ки онро бовар дошт, ҳамоно, он ҷамоъа худ парҳезгоранд.

Ва аммо онҳое, ки сухани ҳақро оварданд, яъне анбиё алайҳимуссалом ва ё Муҳаммад (с) ва мӯъминоне, ки ба пайғамбарон бовар доштанду тобеъи онҳо шуданд, ин ҷамоа, бо сифатҳои ҳамида мавсуфанду аҳли тақво ва салоҳу парҳезгор ҳастанд. Онҳо ҳамаи эҳсону икроми Аллоҳтаъолоро соҳибшудагонанд. Эҳсонкорон ҳарчи дар Ҷаннат талаб кунанд, меёбанд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)