Сураи Зумар Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 35

لِيُكَفِّرَ اللّٰهُ عَنۡهُمۡ اَسۡوَاَ الَّذِىۡ عَمِلُوۡا وَيَجۡزِيَهُمۡ اَجۡرَهُمۡ بِاَحۡسَنِ الَّذِىۡ كَانُوۡا يَعۡمَلُوۡنَ‏ ٣٥

Ли юкаффираллоҳу ъанҳум асваа-л-лазӣ ъамилу ва яҷзияҳум аҷраҳум би аҳсани-л-лазӣ кану яъмалун. 35.

35. То Аллоҳ аз онҳо амали бадеро, ки карданд, дур кунад. Ва музди онҳоро нисбатан аз он амале, ки мекарданд, хубтар бидиҳад.

Яъне аз шахсони муҳсин (накӯкор) шуда Аллоҳтаъоло он амалҳои бадеро, ки Қаблан кардабуданд, мағфират (дур) мекунад ва ба сабаби онҳо азоб набинанд. Илова бар ин, дар ивази амалҳои неке ки баъд аз пайравӣ ба анбиё (а) дар дунё ба ҷо овардаанд, бо фазлу марҳамати Аллоҳтаъоло нисбат ба амалҳояшон боз хубтару зиёдтар савоб дода мешаванд. Агар ин гуна фазлу караму банданавозии Аллоҳтаъоло намебуду ба адл ҳисоб гирифта мешуд, ҳеҷ гоҳ паллаи тарозуи амалҳои нек бар амалҳои бад вазнин намеомад.

Адибе гуфтааст.

Аз бори гуноҳ шуд тани мискинам паст,

Ё раб, чӣ шавад, агар маро гирӣ даст.

Гар дар амалам ончӣ туро шояд нест,

Андар карамат он чӣ маро бояд ҳаст.

Сабаби нузули ояти зеринро муфассирони киром чунин ривоят кардаанд, ки Қӯрайшиҳо гуфтанд: «Агар Муҳаммад ба таҳқири худоҳои мо хотима набахшад, мо аз худоҳои худ дархост мекунем, ки ӯро девонаву аз худ бегона гардонанд».

Баъди чунин мунозираҳо Аллоҳтаъоло ояти зеринро барои тасаллии Ҳабиби Худ (с) нозил карда фармуд, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)