Сураи Зумар Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 70

وَوُفِّيَتۡ كُلُّ نَفۡسٍ مَّا عَمِلَتۡ وَهُوَ اَعۡلَمُ بِمَا يَفۡعَلُوۡنَ ٧٠

Ва вуффият куллу нафси-м ма ъамилат ва Ҳува аъламу би ма яфъалун. 70.

70. Ва ҳар шахсро подоши он чӣ кардааст, пурра дода шавад. Ва Аллоҳ ба он чӣ мекунанд, донотар аст.

Аз мазмуни оятҳои сураи «Таквир» ва «Инфитор» маълум шуда буд, ки рӯзи Қиёмат рӯшноии Офтобу Маҳтоб ба охир мерасад, ситорагон аз ҳам мерезанд, осмон шикофта мешавад, дунё ба торикистон табдил меёбад. Сурҳо дамида мешаванд, мардум худро баъди зиндашудан дар зулмоти маҳшар мебинанд. Ҳамон вақт аз таҷаллии нури Ӯ таъоло замини маҳшар равшан мешавад. Худованд аҳли маҳшарро чунон Қуввае медиҳад, ки онҳо метавонанд тоқати рӯшноиро кунанду насӯзанд. Агар чунин нашавад, Қувваи нури Аллоҳтаъоло бисёр бузург аст ва Қодир аст махлуқотро сӯзонад.

Саҳифаҳои аъмоли халоиқ дар он рӯз барои ҳисоб ҳозир карда шаванд. Ҳамчунин он лаҳза тамоми анбиё (а) ва шоҳидон, яъне фариштагони посбон оварда шаванд, то Худованд анбиё (а)-ро аз умматҳояшон бипурсад ва фариштагони посбон аз амалҳои онҳо шоҳидӣ бидиҳанд. Пас дар ҳисоботи ҳар як банда бо камоли адлу инсоф ҳукми саҳеҳ бароварда шавад, ба ҳеҷ яке аз он бандаҳо зулм сурат нагирад. Аз савобашон каму аз азобе, ки барояшон муқаррар аст, зиёд карда нахоҳад шуд. Яъне дар он рӯз ба ҳамаш бандагон вобаста ба амалҳояшон ҷазо ё подоши мувофиқ дода шавад. Мешавад, ки ҳоҷат ба китобу шоҳидон намонад, локин саҳифа задани дафтари аъмоли бандагон ва пурсидани шоҳидон ба хотири муттаҳам сохтани соҳиби он номаи аъмол аст. Вагарна Аллоҳтаъоло ба ҳар як амали инсон, ки дар дунё дошт, донотар асту аз Ӯ чизе пӯшида нест. Баъди чунин муомилаи рӯзи маҳшар амри Аллоҳтаъоло даррасад, то мардум ба ду гуруҳ тақсим шаванд. Инак ояти навбатӣ аҳволи гурӯҳе аз онҳо хабар медиҳад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)