Тафсири Сураи Зумар Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Зумар Ояти 75
وَتَرَى الۡمَلٰٓٮِٕكَةَ حَآفِّيۡنَ مِنۡ حَوۡلِ الۡعَرۡشِ يُسَبِّحُوۡنَ بِحَمۡدِ رَبِّهِمۡۚ وَقُضِىَ بَيۡنَهُمۡ بِالۡحَـقِّ وَقِيۡلَ الۡحَمۡدُ لِلّٰهِ رَبِّ الۡعٰلَمِيۡنَ ٧٥
Ва тара-л-малаиката ҳаффӣна мин ҳавли-л-Ъарши юсаббиҳуна би ҳамди Раббиҳим. Ва ҚуЗия байнаҳум би-л ҳаққи ва Қӣла-л-ҳамду лиллаҳи Рабби-л-ъаламӣн. 75.
75. Ва фариштагонро бубинӣ, ки бо ҳамди Парвардигори худ тасбеҳгӯён гирди Аршро иҳоте кунанд ва миёни онҳо (холоиқ) ба ростӣ ҳукм карда шавад ва гуфта шавад: «Ситоиш Худойро, ки Парвардигори оламиён аст».
Баъд аз он, ки ҳукми Аллоҳтаъоло барои ҳар ду тоифа аз рӯйи фазлу адл сурат мегирад, ай Муҳаммад (с) фариштагонро ту мебинӣ, ки атрофи Арши Раҳмон давр зананд, бо як ҷӯшу хурӯшу хурсандӣ ҳамду тасбеҳ мегӯянд, ки Аллоҳтаъоло аз нуқсону ҷабр пок аст, ки бо камоли адл ин Қазияро (масъаларо) байни бандагони Худ ҳаллу фасл намуда, бо лутфу фазли Хеш онро ба поён расонид. Дар он асно тамоми бандагон ин ҳукми фозилонаву одилонаи Аллоҳтаъолоро ҳақ арзёбӣ мекунанду Ӯ таъолоро ҳамд мегӯянд.
Валлоҳу аълам.
Поёни Сураи Зумар
Валиллоҳил ҳамду вал миннаҳ.
Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «