Ин асар ба қалами нависандаи амрикоӣ Ҷером Сэлинҷер тааллуқ дошта, соли 1951 нашр гардидааст. Он яке аз китобҳои машҳуртарини Амрико ба ҳисоб меравад.

Асари мазкур солҳои 60 – уми асри гузашта, воқеан ҳам, байни хонандагони амрикоӣ шӯру ҳаяҷони бешуморро ба миён оварда буд. Вале Сэлинҷер яку якбора интишори асарҳояшро қатъ намуда, зиндагии алоҳидаи дур аз ҷомеаро ихтиёр кард. Новобаста ба ин, асари «Ҷарии канори майдони ҷавдор» шоҳкории адабиёти асри XX боқӣ монда, яке аз серхаридортарин китоби олам эътироф шуд. Дар ҳоли ҳозир 65 миллион нусхаи он ба фурӯш рафтааст.


