Чӣ тавре мо медонем, дар рӯйи замин ҳар қавму ҳар халқият ба худ урфу одати хос дорад. Баъзеяш бо забон, баъзеи дигараш бо фарҳанг ва аксарияти дигар бо урфу одаташон аз дигар кишварҳо фарқ мекунанд. Канада низ яке аз давлатҳое мебошад, ки соҳиби хат, забон, фарҳанг, маданият ва урфу одати хоси худ аст. Инчунин дар ин давлат аҷибиҳои бисёре мавҷуд аст, ки ҳоло якчандтои онро пешниҳоди Шумо мегардонем.

Канада аз ҷиҳати масоҳат дар ҷаҳон баъди Руссия дар ҷойи дуюм меистад. Масоҳаташ 9,9млн км² ва ё аниқтараш 9 984 670 км² мебошад.
Аз ҳама намуди шӯҳратёфтаи варзиш дар Канада бозии хоккей ба ҳисоб меравад, ки ба он ҳам мардон ва ҳам занону кудакон машғул мешаванд. Ин бозӣ яке аз қисмҳои фарҳанги канадагиҳоро ташкил мекунад ва ба яке аз варзишҳои миллии давлат табдил ёфтааст. Инчунин аввалин дастаи расмии хоккебозон дар ин давлат дар соли 1904 ташкил шудааст.
Номи ин давлат аз номи деҳае гирифта шудааст. Яъне вақте тадқиқотгари фаронсавӣ Жак Карте ба дунёи нав сафар мекунад аҳолии маҳаллӣ ӯро ба деҳаи “kanata” мебаранд ва аз он ҷо ӯ қарор мебарорад, ки номи давлат Каната шавад. Баъди гузашти солҳо дар натиҷаи муомилаҳои зиёд ҳарфи “т” ба ҳарфи “д” табдил ёфта, расман давлат Канада ба худ ном мегирад. Дар тарҷумаи нутқӣ Канада ба забони ҳинду-ирландӣ канор, замин ва ё деҳа тарҷума мешавад.
Дар Канада аҳолӣ бештар ба омӯхтан шавқу рағбат доранд. Аз ин ҷост, ки қисмати зиёди аҳолиро мардуми босавод ва дорои маълумоти олӣ ташкил медиҳад. Инчунин давлат ба яке аз мамлакатҳои дар сатҳи омӯзиш рушдкардаи ҷаҳон табдил ёфтааст.
Дар Канада кӯлҳо бениҳоят зиёданд, ва аз ин ҷиҳат давлат дар ҷаҳон мавқеи намоёнеро ишғол кардааст. Танҳо дар Онтарио зиёда аз 250000 кӯл ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамаи ин аз 5/1 ҳиссаи тамоми захираҳои обии ҷаҳонро ташкил медиҳанд.
Канада аз ҷиҳати захираҳои нефт дар ҷаҳон мавқеи сеюмро ишғол мекунад. Албатта дар ҷойи аввал Арабистони Саудӣ ва дар мавқеи дуюм бошад, Венесуела қарор дорад.
Дар Канада 1453 фурӯдгоҳ мавҷуд аст.
Канада парчами мустақили худро дар соли 1965 эълон намудааст. Аз 15-уми феврали ин сол сар карда, дар он ҷо рӯзи парчам ҳамасола 15-уми феврал ҷашн гирифта мешавад.
Аз ҳама сарҳади дарозтарин дар ҷаҳон ин сарҳад миёни Канада ва Амрико ба ҳисоб меравад, ки сарҳади байналхалқӣ ном дорад. Андозааш 8891км-ро ташкил медиҳад.
Боз кадом фактҳои ҷолибро аз Канада медонед? Дар шарҳ нависед, то дигарон ҳам донанд.


