Тафсири Сураи Ъабаса Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ъабаса Ояти 36
وَصَاحِبَتِهٖ وَبَنِيۡهِؕ ٣٦
Ва соҳибатиҳӣ ва банӣҳ. 36.
36. Аз зани худ ва аз фарзандони худ (фирор кунад).
Яъне қиёмат рӯзест, бисёр сахту пурдаҳшат, ки натанҳо бародар аз бародар, ҳатто падару модар, хоҳар, зану шавҳар ва фарзандон аз ҳамдигар мегурезанд. Чаро мегурезанд? Он рӯз ба ҳама аён мегардад, ки амалҳои нек (савоб) ва амалҳои бад (гуноҳ) баркашида мешаванд. Ҳама аз даҳшати Дӯзах дар ҳарос мемонанд. Ҳар зарра амали нек чунон қадр пайдо мекунад, ки бо тамоми боигариҳои ин дунё муқоисанашаванда мешаванд. Ҳамаро тарс фаро мегирад, ки шояд савобам каму гуноҳам бисёр аст. Аз ин рӯ чун аз ҳамдигар заррае некӣ бо илтиҷову илтимос мепурсанд, ҷавоби рад мешунаванд. Аз касе пурсанд, дар ҷавоб узри худро мегӯяд:” На! наметавонам хоҳишатро ба ҷо биёрам. Шояд ин зарра некие, ки ба ту медиҳам, ба худи ман вақти ҳисоб лозим ояд. Пас, ман чӣ кор мекунам?”.
Дар ин маврид ҳадис ворид шудааст, ки онро “ҳадиси шафоъат” гӯянд. Бо каме ихтисор маънои ҳадис ин аст. Мардум аз даҳшати қиёмат ба назди паёмбарони бузург (улулазм) раванд ва аз онҳо дархости шафоъат кунанд. Дар ҷавоб шунаванд: “Нафсӣ-нафсӣ”. Яъне ман шафоъат пурсида наметавонам магар шафоати нафси худро. Ҳатто ба ҳазрати Исо (а) муроҷиат кунанд, ҳамин посухро шунаванд. Исо (а) бигӯяд, ки ман наметавонам ҳатто Марямро, ки модари ман аст шафоъат кунам… Билохира, ба назди паёмбари охирзамон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) раванд. Расули Худо (с) наздики Арш рафта, сар ба саҷда гузошта, аз Парвардигори Раҳим иҷозати шафоъат намудан бипурсад, Офаридгор ба ӯ (с) мақоми Маҳмудро бидиҳад, ки он мақом барои шафоъати умматон ваъда карда шудааст.
Худовандо, ба ҳабиби Худ (с) мақоми Маҳмудро ато кун ва аз шафоъати ҳабибат (с) моро бонасиб гардон, Омин!
Рӯйхати оятҳои Сураи Ъабаса «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «