Тафсири Сураи Ъабаса Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ъабаса Ояти 37
لِكُلِّ امۡرِیءٍ مِّنۡهُمۡ يَوۡمَٮِٕذٍ شَاۡنٌ يُّغۡنِيۡهِؕ ٣٧
Ли куллимрии-м минҳум явмаизин шаъну-й юғнӣҳ. 37.
37. Аз барои ҳар инсон он рӯз шуғлест кифоякунанда.
Дар ҳадиси шариф омада, ки Расулуллоҳ (с) гуфт: “Рӯзи қиёмат халоиқ сар аз хок бардоранд сарлуч ва бо тани бараҳна бо кулли аъзоҳояшон. Ҳатто он пӯсте, ки дар кӯдакӣ аз мардон ҳангоми хатна мебуранд, бо онҳо бошад, гӯё хатнанашуда бошанд”. Ҳазрати Оишаи Сиддиқа гуфт:” Ё Расулаллоҳ (с) чӣ гуна марду зан сарлучу бараҳна хезанд? Магар аврати худро аз назарҳо пинҳон намекунанд?” Расулаллоҳ (с) ҳамин оятро хонд. Он рӯз рӯзест, ки аз даҳшати он ҳама саргардони худ (чуноне ки дар ояти 10-ӯми сураи “Маъориҷ” гузашт) бошанд, ба ғайри кори худ дигар ҳеҷ чиз дар назарашон намоён нашавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ъабаса «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «