Тафсири Сураи Ъабаса Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ъабаса Ояти 7
وَمَا عَلَيۡكَ اَلَّا يَزَّكّٰٓى ٧
Ва ма ъалайка алла яззакка. 7.
7. Ва (ҳол он ки) агар пок нагарданд, бар уҳдаи ту чизе нест.
Эй Расули Мо (с), ту тасаввур намудаӣ, ки шояд имон овардани сардорони Қурайш сабаби тарғиби дигарон ба Ислом гардад. Ҳол он ки агар онон даъватро напазиранд, аз ту пурсида намешавад, ки чаро онҳо ба даъвати ту ислоҳ намешаванд.
Яъне ба онҳо ин қадар мутаваҷҷеҳ мабош, то мардуме, ки дӯстдори Исломанду мехоҳанд панд бигиранд, аз илтифоти ту маҳрум нагарданд. Ё мардуми нодон ҳақиқати корро нафаҳмида гумон накунанд, ки Он ҳазрат (с) ба тарафи тавонгарон ва дорандагон нисбат ба нодорон ва шикастадилон бештар илтифот дорад. Пас, зараре, ки аз ин гумони нодуруст ба Ислом мерасад, аз манфиати имон овардани чанд мутакаббир бештар аст. Вазифаи ту ҳамин таблиғ аст, ки мекунӣ аммо ҳидоят аз ҷониби Парвардигор аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ъабаса «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «