Меҳргон яке аз қадимтарин ҷашнҳои фасли тирамоҳ аст, ки дар байни қавмҳои форсизабон расм шудааст. Он баробари инкишофи кишоварзӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ ба миён омадааст. Меҳргон иди ҳосилот аст, ки дар рӯзи эътидоли тирамоҳ оғоз меёбад. Эътидоли тирамоҳ маънои баробаршавии шабу рӯз дар оғози фасли тирамоҳро дорад. Меҳргон рӯзи 16-уми меҳрмоҳ баргузор мешуд, ки эрониёни қадим онро муборак шумурда, ҷашн барпо мекарданд.

Гузаштагони мо ба пешвози ҷашни Меҳргон омодагӣ дида, ҳашарҳои умумихалқӣ ташкил мекарданд, корҳои ободонӣ анҷом медоданд. Дар рӯзи ҷашн либоси нав ба бар карда, ба сайру гашт мебаромаданд ва ба дидорбинии дӯстон мерафтанд.
Дар дастархони Меҳргон анвои мева, ширинӣ ва меваву сабзавот мегузоштанд. Масалан, рӯйи хони Меҳргонро лимӯ, себи зард, хӯшаи гандум, ангур, шакар, оина ва паллаи тарозу оро медод. Аз рӯйи анъана, бояд меваҳои дастархон ранги зард дошта бошанд, яъне зарҳалӣ, ки рамзи фасли тирамоҳ аст.

Солҳои охир дар кишвари мо ҷашни Меҳргон баргузормешавад. Инчунин дар айёми тирамоҳ чорабиниҳои гуногун, ки ба ғунучини маҳсулоти кишоварзӣ иртибот доранд, доир мегардад. Масалан, Иди харбуза, Иди асал ва ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ. Ин чорабиниҳо низ аз оинҳои ҷашни Меҳргонанд, ки имрӯз аз нав эҳё шудаанд.
Хулоса, Меҳргон ҷашни ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст.
Иди Мехргон, маълумот дар бораи иди Мехргон, чашни Мехргон, иншо дар бораи иди Мехргон.



Иди меҳргон иди ҳосилот иди ҳосилғундорӣ аст, ки ба моҳҳои октябр-ноябри рост меояд