Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
يٰۤـاَيُّهَا النَّبِىُّ اتَّقِ اللّٰهَ وَلَا تُطِعِ الۡكٰفِرِيۡنَ وَالۡمُنٰفِقِيۡنَ ؕ اِنَّ اللّٰهَ كَانَ عَلِيۡمًا حَكِيۡمًا ١
Йа айюҳа-н-набийю-т-тақиллаҳа ва ла тутиъи-л кафирӣна ва-л-мунафиқӣн. Инналлоҳа кана Ъалӣман ҳакӣма. 1.
1. Эй Пайғамбар, аз Худо битарс, кофирону мунофиқонро фармонбардорӣ макун! Ҳаройина, Худо донои боҳикмат аст.
Дар баёни сабаби нузули ин оят муфассирон, аз он ҷумла Қуртубӣ. 14/115, ва соҳиби «Зодулмасир». 6/347 гуфтаанд, ки боре мушрикон ба Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Шумо Худоҳои моро аз ин баъд ба бадӣ ёд накунед ва онҳоро таҳқир насозед ва гӯед, ки онҳо соҳиби шафоъатанд онҳо назди Худо шуморо шафоъат мекунанд. Агар ин пешниҳоди мо Қабули шумо шавад, нисфи молҳои хешро ба шумо хоҳем дод. Расулуллоҳ Қотеъона пешниҳоди онҳоро рад карданд, ҳамоно ояти мазкур нозил шуд. Дар он Худованд ба Пайғамбари худ (с) хитоб намуда фармуд, ки эй Пайғамбари мо! Аз Худо битарс! Яъне бар тақвои худ ва бар тарсе, ки аз Худо дорӣ, бияфзой ва доимо дар чунин сифат бош ва аз пешниҳоди кофирону мушрикон, итоат макун ва ҳамчунин аз касоне, ки мунофиқанд (исломи худроро ошкору куфри худро пинҳон медоранд), итоат макун, зеро бегумон, Худованд ба сирҳои онҳо Доно ва дар тадбири корҳои Худ ҳаким аст. Пас Ӯ сазовартар аст, ки мавриди итоат Қарор гирад. Агарчи мухотаб дар ин оят Расулуллоҳ (с) аст, локин умматони ӯ (с) низ дар назар дошта шуданд. Барои маълумоти бештар ба ояти 2-юми сураи «Бақара» муроҷиат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «