Сураи Аҳзоб Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 2

وَّاتَّبِعۡ مَا يُوۡحٰٓى اِلَيۡكَ مِنۡ رَّبِّكَ‌ ؕ اِنَّ اللّٰهَ كَانَ بِمَا تَعۡمَلُوۡنَ خَبِيۡرًا ٢

Ва-т-табиъ ма йуҳа илайка ми-р-Раббик. Инналлоҳа кана би ма таъмалуна хабӣро. 2.

2. Ва чизеро, ки аз ҷониби Парвардигорат ба сӯи ту ваҳй фиристода мешавад, пайравӣ кун, ҳаройина, Худо ба он чӣ мекунед, хабардор аст.

Дар севумин дастур, Худованд дар ин оят ба Расули Худ (с) фармудааст, ки аз он чӣ аз тарафи Парвардигорат дини устувору дуруст ба ту ваҳй мешавад, пайравӣ кун ва дар хотир дошта бош, ки ягон чиз назди Худованд пӯшида намемонад, аз ҳама чиз, ҳатто аз амалҳои Ту (с) Ӯ таъоло огоҳ аст. Муъмин кист, кофир кист, накӯкору фоҷиру бадкор ва мутеъу, осӣ кист, ҳамаро медонад. Барои ту пешниҳодҳо ва машваратҳои кофирону мунофиқон лозим нест. Хулоса, мукофот ё ҷазо мувофиқи амали ҳар инсон аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)