Сураи Аҳзоб Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 11

هُنَالِكَ ابۡتُلِىَ الۡمُؤۡمِنُوۡنَ وَزُلۡزِلُوۡا زِلۡزَالًا شَدِيۡدًا ١١

Ҳуналикабтулия-л-муъминуна ва зулзилу зилзалан шадӣда. 11.

11. Он ҷо мусалмонон имтиҳон карда шуданд ва сахт ҷунбонида шуданд ва сахт такон хӯрданд.

Ояти мазкур давоми ояти Қаблӣ буда, дар он Худованд аз ҳоли саҳобагони ғазои «Хандақ» хабар додааст, ки чун кор ба ин ҷо расид (нигар ба эзоҳи ояти Қаблӣ), дар ҳақиқат бар мусалмонон интиҳоми сахт ҳукмфармо шуд. Аз як тараф тарсу ваҳм, аз тарафи дигар эҳтимол оғози ҷанг. Бар замми ин ҳама саҳобагони дар муҳосирабуда аз гуруснагӣ ранҷ мекашиданд. Душман бошад, чӣ гуна аз хандақ убур карданро чора меҷуст, мусалмонҳо бошанд, хандақро муҳофиза ва ҷойҳои душмангузари онро таъмир карда, шабу рӯз ҳушёриро аз даст намедоданд. Илова бар ин, яҳудиёни Қабилаи бани Қурайза аҳди худро шикастанду бо душманон пайвастанд.

Хулоса, аз эҳтимол дур набуд, ки оташи мусибат болои мусалмонҳо ҳар замон даргирад. Гӯё замин ҳамроҳи мусалмонҳо, то байни муъмини содиқ аз фоҷиру мунофиқ фарқ пайдо шавад, дар ларза буд. Дар он асно…


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)