Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 12
وَاِذۡ يَقُوۡلُ الۡمُنٰفِقُوۡنَ وَالَّذِيۡنَ فِىۡ قُلُوۡبِهِمۡ مَّرَضٌ مَّا وَعَدَنَا اللّٰهُ وَرَسُوۡلُهٗۤ اِلَّا غُرُوۡرًا ١٢
Ва из яқулу-л-мунафиқуна ва-л-лазӣна фӣ Қулубиҳим-м мараЗу-м ма ваъаданаллоҳу ва расулуҳу илла ғуруро. 12.
12. Ва чун мунофиқон ва ононе ки дар дилҳои онҳо беморист, мегуфтанд: «Ваъда надоданд Худо ва Расули Ӯ моро магар бо роҳи фиреб».
Шахси мунофиқ ҳамеша алайҳи мусалмонон дар дили худ ғараз (хуқду кина) дорад, доимо мехоҳад шахсонеро, ки имонашон заъиф аст, бо гуфтугузори худ ба тарафи худ майл диҳад. Аз ин рӯ, шахсони мунофиқ ва касоне, ки ҳоло нифоқ тамоми дилҳояшонро пурра напӯшида буд, рӯзи ғазои «Хандақ» чун ҳолати ваҳшатнокро диданд, гирифтори шакку изтироб шуда, дар байни муъминон овозаҳои дурӯғ паҳн мекарданд, ки дидед, мо ба чӣ ҳолат гирифтор шудаем? Яке аз сардорони мунофиқон-Мутъаб ибни Қушайр гуфт: «Муҳаммад ба мо гирифтани мулки Кисро ва хазинаҳои Қайсарро ваъда медиҳад, аммо ҳоло боварӣ нест, ки яке аз мо ба Қазои ҳоҷат раваду саломат баргашта ояд! Маълум мешавад, ки Аллоҳ ва Расули Ӯ ба мо ҷуз ғурур (дурӯғ) чизи дигаре ваъда надодаанд. «Оре! Ингуна шахсон бо мусалмонон вақте ҳамроҳӣ мекунанд, ки кор сабук ё ғалаба наздик бошад. Чун бинанд, ки кор вазнин аст ё эҳтимол дорад, ки мусалмонон мағлуб мешаванд, дар ҳол заъиф имон будан ё мунофиқ будани худро ошкор мекунанд. Зеро табиати онҳо чунин аст. Баъзе аз муфассирон зери эзоҳи ояти мазкур нақли ҳадисеро, ки Ибни Абиҳотам аз Байҳақӣ дар баёни сабаби нузули ояти мазкур ривоят кардааст, муносиб донистаанд. Ровӣ гуфтааст, ки дар таърихи Ислом аз боби ҷанги Аҳзоб чунин ривоят омадааст: Дар асное, ки саҳобагон ба кандани хандақ машғул буданд, ба санги калоне даргир шуданд, ки дар онҷо истодани он муносиб набуд. Саҳобагон зӯр мезаданд, аммо онро барканор карда наметавонистанд. Хабар ба Расулуллоҳ (с) расид. Ӯ (с) шахсан вориди хандақ шуду кулангеро ба даст гирифт ва бар санг зад. Шӯълае аз он ҷаҳид ва порчае аз он шикаст. Расулуллоҳ (с) такбир гуфтанд, асҳоб низ такбир гуфтанд. Бори дувум бар он санг зарба зад, Қисмате аз он санг шикаст ва барқе аз он рӯшан шуд, ки миёни ду тарафи Мадинаро нуронӣ сохт. Расулуллоҳ (с) такбир гуфтанд, асҳоб низ ҳамроҳи Расулуллоҳ (с) такбир гуфтанд. Бори савум Расулаллоҳ (с) бар он санг зад, шарораи баланде аз он санг рӯшан шуд ва санг пора-пора шуд. Расулуллоҳ (с) боз такбир гуфтанд, асҳоб ҳамроҳи ӯ (с) низ такбир гуфтанд. Баъзе аз асҳоб аз ӯ (с) пурсиданд, ки ё Расулаллоҳ (с), хабар чист? Расулуллоҳ (с) монанди ин суханро гуфтанд: «Дар миёни барқи аввал сарзаминҳо ва Қасрҳои подшоҳони Иронро дидам. Ҷибраил (а) ба ман башорат доданд, ки уммати ман бар онҳо пирӯз хоҳад шуд. Дар миёни барқи дувум Қасрҳои Шому Рум намудор шуд. Ҷибраил (а) ба ман башорат дода гуфтанд: «Уммати шумо бар онҳо пирӯз хоҳанд шуд». Дар миёни барқи савум Қасрҳои Санъо ва Яман намоён шуд. Ҷибраил (а) боз ба ман хабар доданд, ки уммати шумо бар онҳо низ пирӯз хоҳанд шуд». Чун ин суханро мунофиқон шуниданд, ба якдигар нигоҳ карданду он суханҳое, ки дар эзоҳи ояти Қаблӣ гузашт, бо ҳам гуфтанд. Барои эзоҳи бештари ҷузъи ояти мазкур ба ояти 10-уми сураи «Бақара» муроҷиъат шавад. Мунофиқон бо ҳам чӣ гуфтанд, ояти зер эзоҳ додааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «