Сураи Аҳзоб Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 14

وَلَوۡ دُخِلَتۡ عَلَيۡهِمۡ مِّنۡ اَقۡطَارِهَا ثُمَّ سُٮِٕلُوا الۡفِتۡنَةَ لَاٰتَوۡهَا وَمَا تَلَبَّثُوۡا بِهَاۤ اِلَّا يَسِيۡرًا ١٤

Ва лав духилат ъалайҳим-м мин ақтариҳа сумма суилу-л-фитната ла атавҳа ва ма талаббасу биҳа илла ясӣро. 14.

14. Ва агар бар сари онҳо аз ҳама ҷониб даромада мешуд, пас, аз онҳо фитна (куфр)-ро талаб карда мешуд, албатта, онро анҷом медоданд ва дар он фитна таваққуф намекарданд, магар андаке.

Худованд дар ин оят ҳоли мунофиқон ва шахсони суст имону суст иродаро, ки бо баҳонаҳои дурӯғин аз Расулуллоҳ (с) иҷоза пурсида, аз байни мусалмонон рафтану саҳнаи муҳофизати Мадинаро холӣ сохтан мехостанд, чунин мазаммат кардааст, ки онҳо шахсонеанд, ки агар билфарз, рафту лашкари ширк (Азҳоб) аз ҳар тараф ба Мадина ҳуҷум ораду онро ишғол намоянд ва ба чунин тоифа пешниҳод кунанд, ки аз дини худ баргашта, ба ширку куфр рӯй оред, онҳо аксуламал нишон надода, дар имону Исломи худ боқӣ намемонанд, магар он миқдоре ки мушрикон сухани худро ба охир расонанд. Ҳамин ки сухани онҳо ба охир расид, дар ҳол пешниҳоди онҳоро бо шитоб иҷобат мекунанду муртад шуда, ба онҳо мепайванданд.

Адибе гуфтааст:

Мунофиқро мадон ҳаргиз мувофиқ,

Мунофиқро мунофиқ дон, мунофиқ.

Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)