Сураи Аҳзоб Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 15

وَلَقَدۡ كَانُوۡا عَاهَدُوا اللّٰهَ مِنۡ قَبۡلُ لَا يُوَلُّوۡنَ الۡاَدۡبَارَ‌ ؕ وَكَانَ عَهۡدُ اللّٰهِ مَسۡـــُٔوۡلًا ١٥

Ва лақад кану ъаҳадуллоҳа мин Қаблу ла юваллуна-л-адбар. Ва кана ъаҳдуллоҳи мас-ула. 15.

15. Ва ҳаройина, пеш аз ин бо Худо аҳд баста буданд, ки пуштҳоро барнагардонанд ва аҳди Худо пурсидашуда ҳаст.

Ояти мазкур мунофиқон ва сустимонҳоро ба муҳокима кашида гуфтааст, ки Қаблан мунофиқон дар ғазои Бадр низ ғайб зада буданд. Чун диданд, ки пирузӣ тарафи мусалманҳост, гуфта буданд, ки агар Худованд моро бори дигар дар ҷанге ҳозир кунад, ба Худо аҳд медиҳем, ки ягон чизро дареғ надониста, меҷангем, дар аҳди худ устувор меистем, аз тавҳиду Ислому Пайғамбар (с) дифоъ мекунем ва ҳаргиз ба Қафо барнамегардем. Ҳоло Худованд ба онҳо дар ин оят ёдрасон мекунад, ки дар ин рӯз (рӯзӣ Аҳзоб) ба онҳо чӣ шуд, ки аҳди худро шикаста бо баҳонаҳои дурӯғин аз назди Расуллуллоҳ (с) по ба фирор гузоштаанд? Оё онҳо надонистанд, ки ба он аҳди додаашон назди Худованд масъуланд ва Худо аз он аҳд онҳоро савол мекунад? Баъзе аз муфассирон гуфтаанд: «Маънои ояти мазкур васеъ аст, ҳама аҳдро дарбар мегирад. Аз он ҷумла, байъати «Ақаба», ғазои Уҳуд ва ғайра». Усулан касе, ки бо Расулуллоҳ (с) байъат мекард, маънои онро дошт, ки бояд то дар рамақ ҷон дошт, аз имону Ислом ва Қуръон дифоъ мекард. Вафо ба аҳд чизест, ки ҳатто аксари арабҳо дар замони ҷоҳилият ба он эҳтиром мегузоштанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)