Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 13
وَاِذۡ قَالَتۡ طَّآٮِٕفَةٌ مِّنۡهُمۡ يٰۤـاَهۡلَ يَثۡرِبَ لَا مُقَامَ لَكُمۡ فَارۡجِعُوۡا ۚ وَيَسۡتَاۡذِنُ فَرِيۡقٌ مِّنۡهُمُ النَّبِىَّ يَقُوۡلُوۡنَ اِنَّ بُيُوۡتَنَا عَوۡرَةٌ ۛؕ وَمَا هِىَ بِعَوۡرَةٍ ۛۚ اِنۡ يُّرِيۡدُوۡنَ اِلَّا فِرَارًا ١٣
Ва из Қолат таифату-м минҳум йа аҳла Ясриба ла муқома лакум фарҷиъу. Ва ястаъзину фарӣқу-м минҳуму-н-набийя яқулуна инна буйутана ъаврату-в ва ма ҳия би ъавраҳ. Ий юрӣдуна илла фироро. 13.
13. Ва чун тоифае аз онҳо гуфтанд: «Эй аҳли Мадина, шуморо имконияти мондан нест, пас, бозгардед!». Ва гурӯҳе аз онҳо аз ҷониби Пайғамбар дастуре металабиданду мегуфтанд: «Ҳаройина, хонаҳои мо бепаноҳ аст». Ва ҳол он ки хонаҳои онҳо бепаноҳ набуд, намехостанд (бо гуфтани ин сухан) магар гурехтанро.
Пеш аз он, ки Расулуллоҳ (с) ба Мадина ҳиҷрат кунад, номи Мадина «Ясриб» буд. Чун Расулуллоҳ (с) ба ин ҷо омаданд, номи он «Мадинатур-Расул», шаҳри Расул, ном гирифт. Оҳиста-оҳиста номи Мадина барқарор ёфт. Зери мазмуни ин оят, Худованд аз аҳволи мунофиқон ва аз ҳоли шахсони заъифулимон хабар додааст, ки ай мусалмонон, ба ёд оред вақтеро ки гурӯҳе аз мунофиқон, ки ҳамроҳи саҳобагон дар ғазои Хандақ буданд, гуфтанд, ки ай мардуми Ясриб (Мадина)! Чаро ин ҷо истодаед, дигар ҳамроҳи Набӣ дар ин ҷо истодани шумо маъное надорад, хонаҳои шумо дар маърази хатар Қарор доранд. Барои ҳимояи аҳлу авлоди худ ба Мадина баргардед! Маълум аст, ки шумо дар баробари ин душмани зиёд ҳеҷ коре карда наметавонед, худро бо тезӣ аз ин маърака берун кунед! Худро ба ҳалокат ва зану фарзандони худро ба асорат гирифтор накунед! Хулоса, бо ин роҳ мехостанд ансориҳоро аз лашкари Исломӣ ҷудо кунанд. Гурӯҳи дигаре, аз мунофиқон, ки хонаҳояшон дар Мадина буд, барои бозгашти худ ба назди Расулуллоҳ (с) узрҳо пешниҳод карда, иҷоза мепурсиданд, ки атрофи хонаҳои мо бедевору бе паноҳанд. Метарсем, ки душманҳо ворид шаванду ба хонаводаҳои мо осебе расонанд, дар ҳоле ки чунин набуд. Онҳо мехостанд бо ин баҳона, аз маъракаи ҷиҳод фирор кунанд. Ояти зер ин мавзӯъро давом медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «