Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 17
قُلۡ مَنۡ ذَا الَّذِىۡ يَعۡصِمُكُمۡ مِّنَ اللّٰهِ اِنۡ اَرَادَ بِكُمۡ سُوۡٓءًا اَوۡ اَرَادَ بِكُمۡ رَحۡمَةً ؕ وَلَا يَجِدُوۡنَ لَهُمۡ مِّنۡ دُوۡنِ اللّٰهِ وَلِيًّا وَّلَا نَصِيۡرًا ١٧
Қул ман за-л-лазӣ яъсимукум-м миналлаҳи ин арода бикум суан ав арода бикум раҳмаҳ. Ва ла яҷидуна лаҳум-м мин дуниллаҳи валиййа-в ва ла насӣро. 17.
17. Бигӯ: «Кист он, ки нигоҳ дорад шуморо аз тасарруфи Худо, агар дар ҳаққи шумо сахтӣ бихоҳад ё дар ҳаққи шумо неъмате бихоҳад?!». Ва ба ғайри Худо барои хеш на дӯсте ёбанд ва на ёридиҳандае!
Худованд ба ҳабиби Худ (с) фармуд, ки ба он мунофиқону шахсони заъифимон бигӯ, ки агар Худованд ба шумо маргро ё ҳаётро тақдир карда бошад, кадом кас метавонад, тақдири Аллоҳтаъолоро тағйир диҳад? Бо ибораи дигар, агар Худованд барои мунофиқону шахсони заъифимон бадӣ (ҳалок, нуқсон дар молҳо)-ро ирода карда бошад, ҳаст касе, ки онҳоро ҳимоя кунад? Ё агар Худованд барои онҳо раҳмат (пирузӣ, фарохризқӣ, тӯли умр)-ро хоста бошад, чӣ касе иродаи Худоро боз гардонида метавонад?? Ҳеҷ кас! Хулоса, онҳо ғайр аз Худо ҳеҷ сарпарасту ёвари дигаре нахоҳанд ёфт, ҳама муқаддарот дар ихтиёри Ӯст. Аҳду паймони бо Ӯ таъоло бастаро бо Қимати ҷон бояд харид. На ин ки аҳдро шикаст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «