Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 16
قُلْ لَّنۡ يَّنۡفَعَكُمُ الۡفِرَارُ اِنۡ فَرَرۡتُمۡ مِّنَ الۡمَوۡتِ اَوِ الۡقَتۡلِ وَاِذًا لَّا تُمَتَّعُوۡنَ اِلَّا قَلِيۡلًا ١٦
Қул ла-й янфаъакуму-л-фирару ин фарартум-м мина-л-мавти ави-л-Қатли ва иза-л ла туматтаъуна илла Қалӣла. 16.
16. Бигӯ: «Агар аз марг ё аз кушта шудан бигрезед, шуморо гурехтан суд надиҳад ва он ҳангом баҳраманд сохта нашавед, магар андаке».
Аз ояти Қаблӣ нияти мунофиқон фаҳмида шуд, ки аз саҳнаи ғазо рафтани онҳо бо мақсади ҳимояи хонаҳо ва авлодашон нест. Балки хостаанд, ки аз ин майдони муҳофизати Мадина гурезанд. Ҳоло Худованд дар ин оят ба онҳо посух гуфта, ба Пайғамбар (с) амр кардааст, ки ай Пайғамбари Мо! Ба онҳо бигӯ, ки агар аз марг ё аз кушта шудан фирор карданӣ бошед, он ба ҳоли шумо ҳеҷ суде нахоҳад дод. Бо ибораи дигар, Худованд ба Расули Худ (с) фармуд, ки ба онҳо бигӯ, ки агар аҷалатон фаро расида бошад, ин фирор ба шумо суде намерасонад ва умри шуморо дароз ҳам намекунад. Ҳар ҷо ки бошед, ҳатто дар хонаҳоятон ё дар пеши зану фарзандҳоятон бошед ҳам, ҳатман марг гиребони шуморо хоҳад гирифт. Агар аҷали шумо ҳоло фаро нарасида бошад, яқин аст, ки ҷуз баҳраи андаке аз дунё фоидаи дигар барои шумо нест. Он ҳам бошад, дар охир бо сад хорӣ маргатон, албатта мерасад. Марг ояндааст, ҳар чизе, ки ояндааст ӯ Қариб аст. Барои маълумоти бештар ба ояти 153-уми сураи «Оли Имрон» муроҷиъат шавад. Дигар ин ки бо онҳо…
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «