Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 18
۞ قَدۡ يَعۡلَمُ اللّٰهُ الۡمُعَوِّقِيۡنَ مِنۡكُمۡ وَالۡقَآٮِٕلِيۡنَ لِاِخۡوَانِهِمۡ هَلُمَّ اِلَيۡنَا ۚ وَلَا يَاۡتُوۡنَ الۡبَاۡسَ اِلَّا قَلِيۡلًا ١٨
۞ Қад яъламуллоҳу-л муъаввиқӣна минкум ва-л-Қоилӣна ли ихваниҳим ҳалумма илайна. Ва ла яътуна-л-баъса илла Қалӣла. 18.
18. Ҳаройина, Худо боздорандагонро аз шумо ва гӯяндагонро, ки ба бародарони хеш гуфтанд: «Ба сӯи мо биёед!» медонад. Ва (чунин тоифа) ба корзор ҳозир намешаванд, магар андаке (он ҳам бошад,)
Мунофиқон ва шахсони заифимон ҳолатҳои гуногун доранд. Гурӯҳе аз онҳо, бо баҳона аз назди Расулуллоҳ (с) канорагирӣ карданд ва хостанд дигаронро низ ба канорагирӣ даъват кунанд. Ҳоло дар ин оят Худованд аз вазъи ҳоли онҳо хабар дода гуфтааст, ки дар ҳақиқат гурӯҳе, аз шумо кӯшиш доштанд, ки мардумро аз ҷанги Аҳзоб ва аз ёрӣ додан ба Расулуллоҳ (с) ба як сӯ кашонанд, онҳо киҳоанд, Худованд кӣ будани онҳоро медонад. Оре! Онҳо гурӯҳе аз мунофиқонанд, ки ба ёрони худ мегуфтанд: «Муҳаммаду ёронаш дар баробари Аҳзоб тоб оварда наметавонанд, онҳо нисбатан хеле каманд. Онҳо мағлуб хоҳанд шуд. Ҳамчунин касонеро, ки бародаронашон, назди Расулуллоҳ (с) буданд, ба онҳо мегуфтанд: «Ба сӯи мо биёед, барои шумо он ҷо истодану ҷангидан чӣ лозим?». Онҳоро низ Худованд мешиносад. Онҳо касоне ҳастанд, ки барои ба пайкари душман зарба задан ва барои ризоии Худоро дарёфтан ихтиёран ҳозир намешаванд. Магар миқдори каме аз онҳо ҳозир мешаванд, он ҳам бошад аз рӯйи риё дар гӯшае аз маъракаи ҷанг ҳозир мешаванд. Агар мабодо онҳо ба маърака оянд, ҳам…
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «