Сураи Аҳзоб Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 20

يَحۡسَبُوۡنَ الۡاَحۡزَابَ لَمۡ يَذۡهَبُوۡا‌ ۚ وَاِنۡ يَّاۡتِ الۡاَحۡزَابُ يَوَدُّوۡا لَوۡ اَنَّهُمۡ بَادُوۡنَ فِى الۡاَعۡرَابِ يَسۡـاَلُوۡنَ عَنۡ اَنۡۢبَآٮِٕكُمۡ‌ ؕ وَلَوۡ كَانُوۡا فِيۡكُمۡ مَّا قٰتَلُوۡۤا اِلَّا قَلِيۡلًا ٢٠

Яҳсабуна-л-аҳзаба лам язҳабу. Ва ий яъти-л-аҳзабу явадду лав аннаҳум бадуна фи-л-аъроби яс-алуна ъан анбаикум. Ва лав кану фӣкум-м ма Қоталу илла Қалӣла. 20.

20. Онҳо мепиндоранд, ки лашкарҳои куффор (аҳзоб) нарафтаанд. Ва агар ин лашкарҳо биёянд, таманно кунанд, ки кош дар миёни арабҳои саҳронишин мебуданду фақат аз ахбори шумо савол мекарданд. Ва агар ин гуруҳ дар миёни шумо бошанд, (ҳамроҳи шумо) корзор накунанд, магар андаке.

Агарчанде лашкари Аҳзобро Худованд шикаст дод ва онҳо аз атрофии Мадина фирор карданду дигар ҳаргиз барнамегарданд, локин мунофиқон ва шахсони заъифулимон аз шиддати тарс чунон ҳисоб мекарданд, ки гӯё онҳо аз урдугоҳҳои худ ҳанӯз нарафтаанд. Агар рафту лашкари куффор билфарз бори дигар алайҳи мусалмонон ба ҳамла даст занад, онҳо чунон тарсанчаканд, ки орзу карда мегӯянд, ки эй кош, мо дар Мадина байни мусалмонҳо намебудем, дар хориҷи Мадина ҳамроҳи арабҳои саҳронишин мебудему дар ин ҷанг ин даҳшатро намедидем ва ба Қатл намерасидем. Эй кош, дар ҷое мебудем, ки аз дур фақат хабари шуморо мешунидем. Он ҳодисаҳоеро, ки байни шумо ва Аҳзоб рӯй медиҳанд, бо чашм намедидем ва фақат мепурсидем, ки оё муъминон шикаст хурданду ҳалок шуданд? Оё аҳли Макка бар сари мусалмонон ғалаба карданд?

Онҳо касонеанд, ки агар дар миёни шумо ҳам бошанд, барои ёрии шумо алайҳи Аҳзоб ба ғайри андак вақт, он ҳам бошад аз рӯйи биму ор, корзор намекарданд. Ин аст сифати шахсони мунофиқ ва шахсони заъифулимон дар байни мусалмонҳо. Бинобарин, дар чунин ҳолатҳо набояд мусалмонҳо аз ингуна шахсон таъсир бардоранду ба онҳо пайрав шаванд. Зеро дар байни мусалмонон аз будани мунофиқон дида, набуданашон беҳтар аст. Ҳоло дар байни шумо, хушбахтона, шахсияти муносибу лоиқе вуҷуд дорад, ки метавон ба ӯ эътибор дод ва аз ӯ пайравӣ кард. Ояти зер ин муқаддимаро пай мегирад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)