Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 4
مَا جَعَلَ اللّٰهُ لِرَجُلٍ مِّنۡ قَلۡبَيۡنِ فِىۡ جَوۡفِهٖ ۚ وَمَا جَعَلَ اَزۡوَاجَكُمُ الّٰٓـئِْ تُظٰهِرُوۡنَ مِنۡهُنَّ اُمَّهٰتِكُمۡ ۚ وَمَا جَعَلَ اَدۡعِيَآءَكُمۡ اَبۡنَآءَكُمۡ ؕ ذٰلِكُمۡ قَوۡلُـكُمۡ بِاَ فۡوَاهِكُمۡ ؕ وَاللّٰهُ يَقُوۡلُ الۡحَقَّ وَهُوَ يَهۡدِى السَّبِيۡلَ ٤
Ма ҷаъалаллоҳу ли раҷули-м мин Қалбайни фӣ ҷавфиҳ. Ва ма ҷаъала азваҷакуму-л-лаи тузаҳируна минҳунна уммаҳатикум. Ва ма ҷаъала адъийаакум абнаакум. заликум Қавлукум би афваҳикум. Валлоҳу яқулу-л-ҳаққа ва Ҳува яҳди-с-сабӣл. 4.
4. Худованд дар дохили бадани ҳеҷ марде ду дил наёфаридааст ва он занонеро, ки шумо бо онҳо «зиҳор» мекунед, онҳоро модарони шумо нагардонидааст ва писархондагони шуморо писарони шумо насохтааст, ин сухани шумост, ки бо даҳони хеш мегӯед ва Худованд сухани рост мегӯяд ва Ӯст, ки ба роҳи рост ҳидоят мекунад.
Ояти мазкур берун аз ҳукми шариат будани се одати замони ҷоҳилиятро муолиҷа кардааст.
Аввалан, онҳо тасаввур мекарданд, ки касе зирак ва ақли зиёд дошта бошад, соҳиби ду дил аст.
Дувум, ақидаи онҳо он буд, ки касе зани худро «зиҳор» кунад, занаш барои ӯ ҳукми модарӣ пайдо мекунад.
Севум, касе фарзанди хурди касеро ба тарбия гирад ва ӯро писархонд ё духтархонд ҳисобад, ӯ барояш мисли фарзанди насабист.
Кофирону мушрикони он давр, чуноне ки Қаблан гузашт, мехостанд, ки муъминону мусалмонҳо низ ба ин хурофот пайрав бошанд. Касе ин хурофотро рад мекард, таҳти маломат гирифтор мешуд.
Хулоса, Худованд, дар ин оят фармуд, ки аз кофирону мушрикон набояд пайравӣ кард. Агар аз онҳо пайравӣ шавад, айнан ба хурофот ва ба корҳои ботилу ба бероҳагиҳо даст зада мешавад, ки кори мусалмони воқеӣ набояд чунин бошад. Аз он ҷумла, дар замони ҷоҳилият марде буд бо номи Ҷамил ибни Маъмар, ки дорои ҳофизаи бисёр Қавӣ буд. Бо даъвои худаш, гуё ӯ ду дил доштааст ва аз ин сабаб ҳама корро аз Муҳаммад (с) хубтару беҳтар мефаҳмидааст. Мушрикони Қурайш ӯро «Зулқалбайн»-соҳиби ду дил меномиданд. Ҳоло ояти таҳти назар фикру ақидаи Ҷамили Маъмар ва мушриконро дар ин масъала рад карда, гуфтааст, ки дар ҳеҷ давру замон, ҳеҷ инсон соҳиби ду дил нашудааст, ки дар як дили худ имону ихлос, дину ростгӯиро ҷой диҳад ва дар дили дигари худ бе имонию беихлосӣ ва бединию дурӯғгӯиро. Барои ҳар инсон Худованд як дил офаридааст ва дар ӯ як чиз меғунҷад на ду чиз! Дар як дил имон ҳамроҳи куфр ё имон ҳамроҳи нифоқ ҷой намегирад. Диле, ки имон дорад, соҳиби он доимо ростгуй, боихлос, ботақво, боибодат аст ва дар ҳама ҳол мувофиқи амри Аллоҳтаъоло ва шариати Ӯ роҳ пеш мегираду ӯро аз гуфтору аз кирдораш шинохтан мумкинаст.
Диле, ки имон надорад, соҳиби он дурӯғгӯй, бедин, беихлос, дар фисқу фуҷур ғӯтавар, ҳаромхур, бе ибодатбуда ба гуфтаҳои ғайрӣ Худо амал мекунад. Ҳатто аз суханронияш маълум аст, ки чунин шахс имон надорад. Дар давоми оят Худованд аз дигар хурофот (зиҳор)-и замони ҷоҳилият хабар додаст, ки ҷоҳилони он давр агар аз ҳамсари худ нороҳат мешуданд, чун талоқҳои имрӯза зиҳорро кор фармуда, ба ҳамсари худ мегуфтанд: «Пушти ту ё рони пои ту нисбат ба ман, монанди пушти модарам ҳаст». Бо гуфтани ин сухан ҳамсари худро монанди модари худ, барои худ ҳароми доимӣ мепиндошанд. Яъне аз ин баъд чун модар никоҳи он занро барои худ ҳаром меҳисобиданд. Аммо дар шариати исломӣ бо гуфтани чунин суханҳо, зан чун модар ҳароми доимӣ намегардад, балки ҳароми муваққатӣ мешавад ва барои гуфтани чунин сухан агарчи муваққатӣ ҳам бошад, ҷазо таъин шудааст. Барои пурра фаҳмидани тафсилоти «зиҳор», ба ояти 2-юми сураи «Муҷодала», ки ба ин ҳодиса муносибати зиче дорад, муроҷиат шавад.
Сипас, Худованд ба баёни севумин хурофоти ботили замони ҷоҳилият пардохта гуфтааст, ки Худованд фарзандхондаҳои шуморо фарзанди ҳақиқии шумо Қарор надодааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
Дар замони ҷоҳилият ин кор (фарзандхонд) дар ривоҷ буд. Агар касе, аз худ калонсолро падархонд ё аз худ кӯчакро писархонд мекард, онҳо чун падар ва фарзанди насаб аз ҳамдигар мерос мебурданд ва аз ин баъд никоҳи занҳои ҳамдигар барояшон ҳаром буд. Исломи азиз ва шаръи шариф ин намуди Қарордоди давраи ҷоҳилиятро ботил эълон карда гуфт, ки ин суханест, ки шумо бо даҳони худ мегӯед, локин дар ботини худ тасдиқ доред, ки ин писар аз шумо ба миён наомадааст. Оре! Ин гуна хурофоте, ки дар замони ҷоҳилият буд ва то ҳол Қисман идома дорад, ҳама ботилу ноҳақ аст ва он чи Худованд дар бораи онҳо гуфтааст, ҳаққасту рост. Ва Ӯст, ки бандагони Худро ба роҳи рост ҳидоят макунад. Ҳеҷ инсон соҳиби ду Қалб нест, зани зиҳоршуда ҳеҷ вақт модари шавҳари худ намешавад. Фарзандхондӣ низ ботил аст, зеро поймол кардани ҳуқуқи меросхӯрон ҳисоб меёбанд.
Дар бораи сабаби нузули бахши ояти мавриди назар, ки дар бораи фарзандхондӣ, сухан мегуяд, ривоят шудааст, ки Хадича (р) ғуломе дошт бо ном Зайд ибни Ҳориса. Пеш аз Ислом ӯро ба Расулуллоҳ (с) бахшида буд. Он ҳазрат (с) ӯро сахт дӯст доштанд, Зайд низ ба Расулуллоҳ (с) беандоза муҳаббат дошт. Падару модараш дар Шом буданд, фаҳмиданд, ки Зайд дар Макка ғуломи касе шуда аст. Ба суроғааш омаданд, то ӯро харанд ва ба ватани худ баргардонанд. Назди Расулуллоҳ (с) омаданд ва матлаби худро пешниҳод карданд. Расулуллоҳ (с) ба онҳо гуфт: «Биравед, бо худи ӯ маслиҳат кунед. Агар ӯ шуморо интихоб кунад, ройгон бо худ ӯро баред».
Падар ва амакаш аз ин пешниҳоди Расулуллоҳ (с) сахт шодмон шуданд ва бо хушҳолӣ назди Зайд (р) рафтанд. Вақто ки аз ӯ тақозо карданд, то ӯ ҳамроҳашон ба ватан баргардад, Зайд (р) гуфт: «Ман касе нестам, ки суҳбати чунин мардро тарк карда ба ватан баргардам»! Хулоса, Зайд (р) ғуломи Расулуллоҳ (с) буданро аз озодӣ ва ба оғӯши хонаводаи худ баргаштанро беҳтару хубтар донист. Дар он ҳангом, Расулуллуоҳ (с) ӯро озод сохт ва ӯро ба фарзандхондӣ Қабул фармуд ва гуфт: «Шумо гувоҳ бошед, ки Зайд фарзанди ман аст, ӯ аз ман ва ман аз ӯ мерос мебарам». Пас аз он вақт Зайд (р)-ро Зайд писари Муҳаммад (с) ном мебурданд. Ояти мазкур нозил шуд ва ҳукми фарзандхониро, ки одати замони ҷоҳилият буд, мансух (аз амал манъ) эълон кард. Бинобар ҳукми ояти навбатӣ аз ин баъд: