Сураи Аҳзоб Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 3

وَّتَوَكَّلۡ عَلَى اللّٰهِ‌ ؕ وَكَفٰى بِاللّٰهِ وَكِيۡلًا‏ ٣

Ва таваккал ъалаллоҳ. Ва кафа биллаҳи вакӣла. 3.

3. Ва бар Худо таваккул кун ва Худованд аз рӯи корсозӣ (туро) басанда аст.

Инсон мумкин гумон кунад, ки вақто ба кофирону мушрикон итоат нашавад, эҳтимоли мушкилот ва таҳдидҳои фаровоне дар пеш хоҳад буд. Ҳоло барои дафъи таҳдидҳои эҳтимолии душманон, Худованд дар чаҳорумин дастуроти Худ ба Пайғамбари Худ, Муҳаммад (с) ва туфайлашон, ба тобеъони ӯ (с) фармудааст, ки ба Худо таваккал кун ва ҳама корҳои худро ба Ӯ биспор. Зеро Худованд дар тамоми корҳо валию ҳофизу дифоъкунандаи бандагони Худ, аст. Ҳазор душман Қасди ҳалоки туро кунад, агар Худованд пушту паноҳат шаваду дӯсту ёварат бошад, ҳеҷ газанде аз онҳо ба ту нарасад! Дар оятҳои зер, аз он чи дар оятҳои Қаблӣ гузашт, намунае пешниҳод мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)