Сураи Аҳзоб Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 5

اُدۡعُوۡهُمۡ لِاٰبَآٮِٕهِمۡ هُوَ اَقۡسَطُ عِنۡدَ اللّٰهِ‌ ۚ فَاِنۡ لَّمۡ تَعۡلَمُوۡۤا اٰبَآءَهُمۡ فَاِخۡوَانُكُمۡ فِى الدِّيۡنِ وَمَوَالِيۡكُمۡ‌ؕ وَ لَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ جُنَاحٌ فِيۡمَاۤ اَخۡطَاۡ تُمۡ بِهٖۙ وَلٰكِنۡ مَّا تَعَمَّدَتۡ قُلُوۡبُكُمۡ‌ ؕ وَكَانَ اللّٰهُ غَفُوۡرًا رَّحِيۡمًا ٥

Удъуҳум ли абаиҳим ҳува ақсату ъиндаллоҳ. Фа ил лам таъламу абааҳум фа ихванукум фи-д-дӣни ва мавалӣкум. Ва лайса ъалайкум ҷунаҳун фӣ ма ахтаътум биҳӣ ва лаки-м ма таъаммадат Қулубукум. Ва каналлоҳу Ғафура-р-Раҳӣма. 5.

5. Писархондагонро ба падарони онҳо нисбат кунед, ин назди Худо росттар аст, пас, агар падарони онҳоро надонед, пас, дар дин бародарони шумоянд ва озодкардагони шумоянд, нест бар шумо гуноҳе дар лафзе, ки дар сухан кардани он (Қаблан) хато карда бошед, лекин гуноҳ он аст, ки дилҳои шумо Қасд кард ва ҳаст Худованд омурзандаи меҳрубон.

Худованд дар ин оят бо таъкиди бештар таълим дода амр кардааст, ки назди Худованд кори дурусту боадолат ҳамин аст, ки фарзандхондагонро бо номи падарони аслии худашон нисбат диҳед, на ба ғайри онҳо! Имом Бухорӣ ва Имом Муслим аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) чунин ривоят кардаанд: «Мо пеш аз нузули оят дӯст (ғулом)-и Расулуллоҳ (с), Зайд ибни Ҳорисаро бо номи Зайд ибни Муҳаммад нидо мекардем. Чун ояти мавриди назар нозил шуд, дар ҳол Расулуллоҳ (с) ба Зайд гуфт: «Аз ин баъд номи ту Зайд ибни Ҳориса ибни Шарҳабил!». Аз ин баъд мо низ ӯро ба номи падари ҳақиқияш нидо мекардем.

Барои дур кардани баҳонаҳо Худованд гуфтааст, ки агар номи падари ҳақиқии онҳоро надонед, дар он сурат онҳоро эй бародарони динии мо, гуфта нидо кунед! Нагӯед, ки эй фарзанди фалонӣ! Чаро, ки падарони ҳақиқии онҳоро намешиносед. Агар рафту ба ғайри Қасд, аз рӯйи хатоу иштибоҳ ё аз рӯйи фаромушӣ ва ё аз рӯйи шафқат чунин суханҳоро гуфта бошед, бар шумо гуноҳе нест. Зеро шумо аз асли ҳодиса бохабар набудед. Акнун, ки аз асли кор бохабар шудед ба он амал кунед!

Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Худованди мутаъол барои умматони ман хато ва фаромӯшӣ ва он чиро, ки бо икроҳ (маҷбурӣ) ба он во дошта шудаанд, дар гузаштааст». Агар нисбат додан ба тариқи эҳтиром ва таъзим бошад, мисол «эй падар!» ва ё «писарам!» боке нест. Зеро дар ҳақиқат медонед, ки ӯ падар ё писари шумо нест.

Дар давоми оят, Худованд гуфтааст, ки вале гуноҳ дар он чизест, ки дилҳои шумо Қасди онро кардааст. Яъне дар ҳақиқат медонед, ки масалан Абдуллоҳ писари кист, локин чун ӯро садо мекунед, Абдуллоҳ нею, балки эй писари фалонӣ мегӯед, ҳол он ки фалонӣ падари ӯ нест.

Ин аст гуноҳ, ин аст зидди фармудаи шаръи шариф. Ба ҳар ҳол, ба таври мисол, писари Зайдро, эй писари Зайд! ва писари Амрро эй писари Амр нидо кардан ба савоб наздик ва аз шубҳаҳо дур аст.

Дар ҳадиси шариф омадааст, ки «Касе, ки худро бо номи ғайри падари худ мехонад, ҳол он ки медонад ӯ падараш нест, Биҳишт бар вай ҳаром аст».

Дар охир Худованд ба мо мужда медиҳад, ки Худованди шумо дар ҳаққи касе, ки бо иштибоҳ ё бо фаромӯшӣ ё аз рӯйи хато, чунин суханҳоро гуфтааст, агар аз ин баъд Қасдан идома надиҳанд, Ғафуру Раҳим (бахшандаву меҳрубон) аст. Худованд барои насл ва ё авлодро пок нигоҳ доштан, байни бандагони Худ ақди никоҳ, ақди талоқ ва баъди талоқ идда поидани занро ҳукм кардааст. Бояд ҳама кор мувофиқи шариъат бошад. Мулоҳиза: ояти мазкур маънои онро надорад, ки ятимакҳоро, ки дар ҳолати ногувор зиндагонӣ мекунанд барои парасторӣ нагирифт ва ё кумаку ё тарбият накард. На! Балки вазифаи ҳар як мусалмон ва савоби бузург аст, ки парастории ятиму ятимаҳоро ба уҳда гирад. Ба шарти он ки онҳо дар ному насаби худашон боқӣ бимонанд. Мувофиқи тақозаи маънои ин оят, фарзанди бегонаро дар ному насаби худ гузаронидан кори шаръӣ нест. Бигзор дар ному насаби худ боқӣ бимонанд ва ӯро мувофиқи шаръи шариф тарбия кунад. Шариъати ислом ҳама чораҳоро дидааст ва барои мустаҳкам нигоҳ доштани оила, то ин ки оила поку покиза ва мувофиқи ҳукми шариъат мавҷуд бошад, эътибори ҷиддӣ додааст. Оре! Оила мустаҳкам набошад, ҷамъият мустаҳкам нест.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Оила диндору шариъатдон набошад, ҷамъият шариъатро намефаҳмад ва диндор шуда наметавонад. Ана ҳамин тавр, Қуръони карим инсонро оҳиста-оҳиста тарбия мекунад ва аз ботлоқи ҷаҳолат ба нури саодат (Ислом) мерасонад. Дар оятҳои баъдӣ тарзи муносибати мусалмонон бо Пайғамбар (с) ва бо ҳамсарони покизаи ӯ (с) баён мешавад.

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)