![]() |
|
| Мамлакат | Федератсияи Россия |
| Аҳолӣ | 914 (2018) |
| Масоҳат | 5,42 км2 |
Чекалин хурдтарин шаҳри Федератсияи Россия ба ҳисоб меравад. Он дар асри XVI бо номи Лихвин сохта шуд. Ҳамчунин, дар ин шаҳр қалъае низ мавҷуд буд. Соли 1944 ба он номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Павлович Чекалин дода шуд. Ҳини Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар шаҳри мазкур партизани 16 – соларо ба дор овехтаанд. Ин ҳодиса сабаб шуд, ки шаҳр дар ёди мардум боқӣ монад.
Чекалин дар соҳили чапи дарёи Ока ҷойгир буда, аз он то шаҳри Тула 100 километр роҳ аст. Бисёре аз марказҳои хизматрасониаш фаъолияти худро қатъ кардаанд. Ҳоло дар шаҳр танҳо се мағоза фаъол аст.



