Сураи Аҳзоб Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 58

وَالَّذِيۡنَ يُؤۡذُوۡنَ الۡمُؤۡمِنِيۡنَ وَالۡمُؤۡمِنٰتِ بِغَيۡرِ مَا اكۡتَسَبُوۡا فَقَدِ احۡتَمَلُوۡا بُهۡتَانًا وَّاِثۡمًا مُّبِيۡنًا ٥٨

Ва-л-лазӣна юъзуна-л-муъминӣна ва-л муъминати би ғайри мактасабу фақад-иҳтамалу буҳтана-в ва исма-м мубӣна. 58.

58. Ононе ки мардони мусалмон ва занони мусалмонро, бе он ки гуноҳе ба амал оварда бошанд, меранҷонанд, пас, Қатъан онҳо буҳтон ва гуноҳи ошкореро бар дӯши худ бардоштаанд.

Бузургон мегӯянд, ки шахсони муъмин ба Худо ва Пайғамбари Ӯ (с) пайванд доранд. Бе сабаб нест, ки баъд аз баёни ҷазои озор ба Худо ва Расули Худо (с) дар ояти гузашта, ояти мазкур аз озор расонидан ба муъмин сухан оғоз кард, Худованд дар ин оят фармуд, ки касоне, ки ба мардон ва занони бо имон, ки ҳеҷ кори гуноҳ накардаанд, озор мерасонанду меранҷонанд, гӯё дурӯғ, бӯҳтон ва гуноҳи бузургеро бар дӯши худ бардоштаанд. Аммо агар мусулмоне гуноҳ содир кунад ва дар асоси ҳукми Қозии шариат барои шахси гунаҳкор ҳад, Қасос, ё таъзир лозим шавад, иҷрокунандаи ҳукм таҳти ваъиди ояти мазкур дохил намешавад. Дар ин хусус Имом Ибни Абӯҳотим аз Ойша (р) ҳадисеро чунин ривоят кардаанд: «Рӯзе Расулуллоҳ (с) аз саҳобагон пурсиданд: «Бадтарин рибо дар назди Худованд чист?». Саҳобагон гуфтанд: «Ба ин савол Аллоҳ ва Расули Ӯ донотаранд». Расулуллоҳ (с) гуфтанд:

«Бадтарин рибо назди Худованд, обрӯйи мусалмонеро рехтан аст». Оре! Озори шахсони муъмину мусалмон, ки дӯстони Худованд ба ҳисоб мераванд, ба озор додани Худованд баробар аст. Шахсонеро, ки доимо дар паи озори мусалмонҳо мекӯшанд, Худованд онҳоро чи гуна азоб мекунад, Худаш хубтар медонад.

Одатан, шахсони кофир, мунофиқ ва касоне, ки душмани дини Исломанд, барои озори муъминон ба занҳои покдомани мусалмонҳо буҳтонҳо мезананд. Аз ин рӯ ҳама занҳое, ки худро мусалмон меҳисобанд, бояд ба маънои ояти зер таваҷҷуҳи хосе дошта бошанд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)