Сураи Аҳзоб Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 57

اِنَّ الَّذِيۡنَ يُؤۡذُوۡنَ اللّٰهَ وَرَسُوۡلَهٗ لَعَنَهُمُ اللّٰهُ فِى الدُّنۡيَا وَالۡاٰخِرَةِ وَاَعَدَّ لَهُمۡ عَذَابًا مُّهِيۡنًا ٥٧

Инна-л лазӣна юъзуналлоҳа ва расулаҳу лаъанаҳумуллоҳу фи-д-дунйа ва-л ахирати ва аъадда лаҳум ъазаба-м муҳӣна. 57.

57. Ҳаройина, касоне ки Худо ва пайғамбари Ӯро меранҷонанд, Худо онҳоро дар дунё ва охират лаънат карда ва барои онҳо азоби хоркунандаро муҳайё сохтааст.

Бузургдошти Расулуллоҳ (с) ва олу асҳоби ӯ (с), бо фиристодани дуруду салом, дар ояти Қаблӣ, гузашт. Ҳоло дар ин оят ҷазои касоне, ки Худо ва Расули Ӯ (с)-ро бад мебинанду озор мерасонанд, чунин баён шудааст, ки бегумон, касонеро, ки Худо ва Пайғамбараш (с)-ро меранҷонанд, Худованд дар дунё ва охират онҳоро лаънат карда, ҳамчунин аз таҳти сояи раҳмати худ дур сохтааст. Дар бораи он, ки кадом инсонҳо чи гуна Худо ва Расули Ӯ таъоло (с)-ро меранҷонанд, муфассирон ҳаргуна фикр меоранд, локин тақрибан ҳама бо як маъност. Асосан онҳое, ки Худо ва Расули Ӯ (с)-ро изо медиҳанду меранҷонанд, онҳо кофирон, мушрикон, яҳудиҳо ва насрониҳоанд. Кофирон мавҷудияти Худоро инкор мекунанд. Мушрикон касеро ё чизеро ба Худо шарик меҳисобанд, фариштагонро духтарони Худо медонанд. Насрониҳо Худоро соҳиби фарзанд меҳисобанд. Гурӯҳе Худоро бо сифатҳои нолоиқ сифат мекунанд. Гурӯҳе ба дини Худо, пайғамбарони Худо ва ба китобҳои Худо таън мерасонанд. Ин гуна ақида ва рафторҳо озор ва ранҷонидани Худо ҳисобида мешаванд.

Ба пайғамбар (фиристодаи Худо) будани Муҳаммад (с) бовар накардан, Расулуллоҳ (с)-ро ранҷонидан аст. Муҳаммад (с)-ро шоир, дуруғгӯ, сеҳргар, девона ҳисобидан, Расулуллоҳ (с)-ро ранҷонидан аст.

Хулоса, ҳар сухан ё амале, ки Расули Худо (с)-ро меранҷонад, дар ҳукми ин оят дохил аст. Касе, ки Худо ва Расули Ӯ(с)-ро бо ақида ё бо амал ё бо сухан изо медиҳаду меранҷонад, дар дунё ва охират таҳти лаънати Худованд гирифтораст ва Худованд азоби хоркунандаеро барои ӯ омода сохтааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)