Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 59
يٰۤـاَيُّهَا النَّبِىُّ قُلْ لِّاَزۡوَاجِكَ وَبَنٰتِكَ وَنِسَآءِ الۡمُؤۡمِنِيۡنَ يُدۡنِيۡنَ عَلَيۡهِنَّ مِنۡ جَلَابِيۡبِهِنَّ ؕ ذٰلِكَ اَدۡنٰٓى اَنۡ يُّعۡرَفۡنَ فَلَا يُؤۡذَيۡنَ ؕ وَكَانَ اللّٰهُ غَفُوۡرًا رَّحِيۡمًا ٥٩
Йа айюҳа-н-набийю Қул ли азваҷика ва банатика ва нисаи-л-муъминӣна юднӣна ъалайҳинна мин ҷалабӣбиҳинн. залика адна ай юърафна фа ла юъзайн. Ва каналлоҳу Ғафура-р Раҳӣма. 59.
59. Эй Пайғамбар, ба занони худ ва духтарони худ ва ба занҳои мусалмон бигӯ, ки (мисли канизакон набошанд) бар худ чодарҳои худро фурӯ гузоранд, ин ба он наздиктар аст, ки шинохта шаванд, пас, онҳоро изо дода нашавад ва Худо омурзандаи меҳрубон аст.
Ҷалбоб ҳиҷоб ё чодарест, ки зан ӯро ба бар мекунад ва тамоми баданашро мепӯшад. Ин барои он аст, ки зан худро аз чашми бадтинатон нигоҳ медорад. Дигар ин ки бинанда ӯро аз каниз занҳо фарқ мекунад. Ҳоло дар ин оят Худованд ба Пайғамбари худ хитоб намуда амр кардааст, ки эй Пайғамбари Мо, ба ҳамсарони покизаи худ ва духтарони фозилаи худ ва ба занҳои муслимаи муҳтарама бигӯ, ки чун шумо барои ҳоҷате берун меравед, ҷалбоб (ҳиҷоб)-и худро ба бар кунед, то он зинате, ки Худованди азза ва ҷалла ба пинҳон кардани он шуморо амр кардааст, пӯшида бошад. Зеро пӯшидани ҳиҷоб (чодар) барои дар ҳол шинохтану фарқ кардани занҳои озоду покдоман аз канизакон осонтар аст. Яъне агар бинанда дар чунин либос онҳоро бинад, мефаҳмад, ки ингуна занҳо, занҳои озод, Худотарс, покдомананд.
Дигар ин, ки онҳо мавриди озори шахсони бадтинат Қарор намегиранд. Ибни Касир аз Суддӣ нақл кардааст, ки чун дар Мадина шаб торик мешуд, гурӯҳи авбошон, барои нияти бад, ба шикори канизакон мебаромаданд. Агар зани чодардорро медиданд мегуфтанд: «Ин зан озоду покдоман аст». Роҳро барои ӯ танг намекарданд ва аз таҷовузи обрӯйи ӯ даст мекашиданд. Агар занеро бе ҳиҷоб медиданд, мегуфтанд: «Ин зан канизак аст». Мешавад бо ӯ ҳаваси худро Қонеъ сохт.
Хулоса, чун ояти мазкур нозил шуд, ҳурмату иззати занҳои озоди муъмину мусалмонро ба ҷой худ гузошт ва ба онҳо мужда дод, ки барои рӯзҳое, ки пеш аз нузули ояти мазкур, бе ҳиҷоб паси сар кардед, нигарон набошед! Ҳоло ҳиҷобро Қабул кардеду дар он даромадед, он чи аз шумо гузашт, Худованд омурзандаву меҳрубон аст, гузаштаи шуморо мебахшад. Тавба кунед, ба сӯи Худо бозгардед. Барои маълумоти бештар дар бораи ҳиҷоб ва аҳамияти он ба оёти 30-31-уми сураи «Нур» муроҷиъат шавад.
Агар боз ҳам шахсони кофиру мунофиқ, фосиқу фоҷир аз озор додани шахсони муъмину муъмина даст накашанд, чуноне ки дар ояти зер ишора шудааст, Худованд барои онҳо чораи дигареро дидааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «