Сураи Аҳзоб Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 62

سُنَّةَ اللّٰهِ فِى الَّذِيۡنَ خَلَوۡا مِنۡ قَبۡلُۚ وَلَنۡ تَجِدَ لِسُنَّةِ اللّٰهِ تَبۡدِيۡلًا ٦٢

Суннаталлаҳи фи-л-лазӣна халав мин Қаблу ва лан таҷида ли суннатиллаҳи табдӣла. 62.

62. Ин монанди Қонуни равиши Худованд дар ҳаққи касонест, ки пеш аз ин гузаштаанд ва дар ойини Худованд ҳаргиз дигаргуниро наёбӣ.

Агар мунофиқон ва касоне, ки алайҳи дини Ислом бо паҳн кардани хабарҳои дурӯғ мубориза мебаранд (чун бани Қурайза ва амсоли онҳо), тавба накунанд ва барои онҳо аз шаҳри Мадина ҳукми бадарға содир шавад ва аз таҳти ҳимояти давлати Исломӣ ронда шаванд, хоҳ нохоҳ онҳо лаънаткардашудагонанд. Ҳаргиз набояд касе онҳоро паноҳ диҳад, балки ҳар куҷо, ки онҳоро ёфтанд, асир гирифта ба Қатлашон расонда шаванд. Ин дастури нав нест, ин суннат (равиш)-и Илоҳист, ки ҳар гоҳе, байни Қавмҳои пешгузашта гурӯҳҳои харобкору бешарм душманӣ ва ҷиноятро аз ҳад мегузаронданд, аз тарафи Аллоҳ таъоло алайҳи онҳо ҳукми ҳамлаи умумӣ содир мешуд. Чунин ҳукм суннати Илоҳист, ҳаргиз дигаргун нахоҳад шуд. Зеро суннати Илоҳӣ ҳамеша пойдору тағйирнопазир аст ва онҳо, албатта, бе ҷазо нахоҳанд монад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)