Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 66
يَوۡمَ تُقَلَّبُ وُجُوۡهُهُمۡ فِى النَّارِ يَقُوۡلُوۡنَ يٰلَيۡتَـنَاۤ اَطَعۡنَا اللّٰهَ وَاَطَعۡنَا الرَّسُوۡلَا ٦٦
Явма туқаллабу вуҷуҳуҳум фи-н-нари яқулуна йа лайтана атаъналлоҳа ва атаъна-р-расула. 66.
66. Рӯзе, ки рӯйҳои онҳо дар оташ гардонида шавад, гӯянд: «Эй кош ҳаройина мо Худоро ва Пайғамбарро фармон мебурдем».
Беҳтарин, ҳассостарин ва бо ҳурматтарин аъзои инсон рӯйи инсон аст. Дар ин оят навъе аз азоби дардноки онҳое, ки зикрашон дар оятҳои Қаблӣ гузашт, баён гардида аст. Худованд фармудааст, ки ба ёд биёваред рӯзеро, ки сурат (рӯй)-ҳои онҳо (кофирон) дар оташи Дӯзах гардонида (зеру рӯ) мешавад. Яъне монанди гӯште, ки дар оташ бирён карда мешавад, рӯйи онҳо дар Ҷаҳаннам аз ин тараф ба он тараф гардонида мешавад. Дар он асно онҳо фарёди ҷонсӯзи ҳасратоварро баланд карда мегӯянд, ки эй кош, дар дунё Худо ва Пайғамбарашро итоъат мекардем, то аз ин азобе, ки дар он дарафтодаем, наҷот меёфтем.
Онҳо боз чӣ мегӯянд ба ин савол ояти зер посух медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «