Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 65
خٰلِدِيۡنَ فِيۡهَاۤ اَبَدًا ۚ لَا يَجِدُوۡنَ وَلِيًّا وَّلَا نَصِيۡرًا ٦٥
Холидӣна фӣҳа абада-л ла яҷидуна валиййа-в ва ла насӣро. 65.
65. Ки он ҷо ҳамеша ҷовидон (монанд), он ҷо ҳеҷ дусте ва на ёридиҳандае наёбанд.
Шахсоне ки ба лаънати Худованд гирифтор шудаанд, муваққатӣ не, балки ҷовидона дар оташи сӯзони Ҷаҳаннам боқӣ монанд ва ҳеҷ сарпарасту ёвару раҳмхоре наёбанд, ки ба онҳо кӯмаке расонаду онҳоро аз оташи Дӯзах раҳонад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «