Сураи Аҳзоб Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 9

يٰۤـاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوا اذۡكُرُوۡا نِعۡمَةَ اللّٰهِ عَلَيۡكُمۡ اِذۡ جَآءَتۡكُمۡ جُنُوۡدٌ فَاَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ رِيۡحًا وَّجُنُوۡدًا لَّمۡ تَرَوۡهَا‌ ؕ وَكَانَ اللّٰهُ بِمَا تَعۡمَلُوۡنَ بَصِيۡرًا ٩

Йа айюҳа-л-лазӣна аманузкуру ниъматаллоҳи ъалайкум из ҷааткум ҷунудун фа арсална ъалайҳим рӣҳа-в ва ҷунуда-л лам таравҳа. Ва каналлоҳу би ма таъмалуна басӣро. 9.

9. Эй мусалмонон, неъмати Худоро бар хеш ёд кунед, ҳангоме ки лашкарҳо бар сари шумо хуҷум оварданд, пас, бар онҳо бодро ва лашкарҳое, ки шумо онҳоро намедидед, фиристодем! Ва Худованд ба он чӣ мекардед, бино буд.

Худованд дар ин оят (ва дар шонздаҳ ояти баъдӣ), аз ҷанги Аҳзоб (ғазои «Хандақ»), ки барои муъминон бузургтарин имтиҳони Илоҳӣ буд, хабар дода, ба муъминон хитоб намуда аст, ки эй муъминон, замонеро ба ёд оред, ки лашкари бузурги душман барои муҳосираи Мадина ва несту нобуд сохтани шумо иттифоқ баста, ба сӯи шумо шитофтанд. Пас, Мо тӯфони ниҳоят хунук ва лашкар (фариштагон)-еро, ки онҳоро шумо намедидед, алайҳи онҳо фиристодем ва душманони шумо дар ҳам кӯбида шуданд. Шумо дар он ҳолат ба Расули мо чӣ вафо кардед ва чӣ гуна пойдорӣ нишон додед ва чӣ ёрӣ расонидед, ҳамаи инро Худованд медид. Ин неъмат (нусрат)-и Худоро ба ёд оред ва шукр гӯед. Мухтасаран маълумот дар бораи ҷанги Аҳзоб (Хандақ).

Дар моҳи Шавволи соли панҷуми ҳиҷрӣ чандин ҳизбҳо, аз он ҷумла лашкари Қурайшиҳо бо сардории Абӯсуфён ибни Ҳарб, лашкари Ғатфон бо раёсати Уяйна бани ҳасани Фарозӣ, лашкари бани Асад бо роҳбарии Тулайҳа, лашкари бани Омир бо пешниҳоди Омир ибни Туфайл, лашкари бани Салам бо фармондеҳии Абул-аъвари Саламӣ, лашкари бани Қурайза аз яҳудиҳо бо пешниҳоди Каъб ибни Асад ва лашкари Назр ин ҳам аз яҳудиҳо бо раёсати Ҳуяй ибни Аҳтаб, дар маҷмӯъ аз даҳ то дувоздаҳ ҳазор лашкариён ҳампаймон шуда алайҳи Расулуллоҳ (с) ба Мадина равон гаштанд. Расулуллоҳ (с) бо мақсади ҳимояи Мадина тақрибан бо се ҳазор марди ҷангӣ омода гардида бо пешниҳоди Салмон (р) маслиҳат шуд, ки атрофи Мадина хандақ канда шавад. Хушбахтона, лашкарҳо бо ҳам даргир нашуданд, зеро Худованд бар сари онҳо шабона тӯфонбоди сардеро фиристод, ки ҳатто дегҳояшонро фӯрӯ андохт, хаймаҳояшонро вожагун (чаппа) кард. Ҳамзамон Худованд лашкари фариштагонро, ки онҳоро ҳеҷ кас намедид, алайҳи онҳо фиристод. Онҳо мехҳои хаймаҳоро кашиданд, танобҳои хаймаҳоро буриданд, оташҳояшонро хомӯш сохтанд, аспҳояшонро дар ҳам шӯронданд, тундбод бошад ҳама чизро бар сари онҳо фурӯ пошид. Дар айни ҳол, Худованд тарсу ваҳшатро дар дили онҳо ғолиб гардонд. Хулоса, ҳамаи онҳо аз атрофи Мадина по ба фирор гузошта, дур шуданд. Тафсилоту ҷузъиёти ин ҳодиса иншоаллоҳ, зери мазмуни оятҳои баъдӣ ба Қадри имкон эзоҳ хоҳад шуд. Сабаби нузули оятҳои 9-ум ва 10-умро Байҳақӣ аз Ҳузайфа (р), яке аз иштирокчиёни ғазои «Хандақ» чунин ривоят кардааст: «Шабе, ки «Аҳзоб» моро муҳосира доштанд, ҳамаи мо назди Расуллоҳ (с), саф кашида нишаста будем. Абӯсуфён бо лашкариёнаш дар тарафи болои мо ва Қурайзагиҳо дар поёни мо Қарор доштанд. Мо худамон не, балки аз он бим доштем, ки онҳо бар хонаҳо ва атфоли мо юриш мебаранд. Шаб бо торикии худ ҳукмфармо буд, тундбод чунон пуршиддат мевазид, ки то ҳол мислашро надида будем. Вазъият хело тезу тунд буд. Мунофиқоне, ки ҳамроҳи мо буданд, дар он ҳолати номуносиб аз Расулуллоҳ (с) як-як иҷоза мепурсиданд, то ин ки ба хонаҳояшон баргарданд. Онҳо узр мегуфтанд, ки атрофи ҳавлиҳо ва хонаҳояшон ҳисор надоранд, ҳол он ки то ҷое ба мо маълум буд, атрофи хонаҳои ҳамаи онҳо ҳисор дошт. Хулоса, Расулуллоҳ (с) ба онҳо иҷоза медод. Онҳо дар он торикӣ, аз байни мо номаълум як-як ғайб мезаданд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Дар он асно Расулуллоҳ (с) ба мо рӯй оварданд. Чун навбат ба ман расид, фармуд: «Бирав, хабари Қавм (аҳзоб)-ро бароям биёр!» Пас ман ба сӯи «Аҳзоб» дар ҳаракат шудам. Ба Худо савганд, чун ба минтақаи исти онҳо наздик шудам, садои бо ҳам хӯрдани сангҳоро шунидам. Чунон тундбоди аҷибу ҳавлноке бархоста буд, ки сангҳоро бо якдигар мезад. Лашкариёни «Аҳзоб» чунон бе саранҷом шуда буданд, ки сардори онҳо нидо дода мегуфт: «Ҳой мардуи, кӯч кунед, кӯч кунед!».

Тундбод бошад, фақат атрофи онҳо кори худро анҷом медод ва як ваҷаб аз ҷойи онҳо таҷовуз намекард. Хулоса, он чӣ вазъи «Аҳзоб»-ро бо чашми худ дидам, омада ба Расулуллоҳ (с) нақл кардам.» Дар ин ҳангом аз ояти 9-то 10-ум нозил шуд.

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)