Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аҳзоб Ояти 8
لِّيَسۡئَلَ الصّٰدِقِيۡنَ عَنۡ صِدۡقِهِمۡۚ وَاَعَدَّ لِلۡكٰفِرِيۡنَ عَذَابًا اَ لِيۡمًا ٨
Ли яс-ала-с-содиқӣна ъан сидқиҳим. Ва аъадда лил кафирӣна ъазабан алӣма. 8.
8. То Худованд ростгӯёнро аз ростиашон бипурсад ва барои кофирон азоби дарддиҳандаро муҳайё кардааст.
Чуноне ки дар ояти Қаблӣ ишора шуд, Худованд аз пайғамбарон аҳду паймон гирифт, он кори соддае набуд. Балки дар мавриди таблиғи рисолати худ ва пурра ба аҳду паймон вафо карданашон савол хоҳанд шуд. Оё ба умматони худ амру наҳйи Парвардигорро расониданд ё не? Вақто ки пайғамбарон мавриди савол Қарор мегиранд, пас, дигарон чӣ гуна даъво доранд, ки мавриди пурсиш Қарор нахоҳанд гирифт? Мурод аз калимаи «содиқин» дар ин оят кист? Муфассирон ду андеша доранд: гурӯҳе аз онҳо гуфтаанд мурод аз калимаи «содиқин», дар ин ҷо Пайғабаронанд. Гурӯҳи дигаре аз муфассирон, бо далел овардани оятҳои 23 ва 34-уми ҳамин сура ва ояти 5-уми сураи «Ҳуҷурот», ояти 8-уми сураи «Ҳашр», гуфтаанд, ки мурод аз «содиқин» дар ин ҷо муъминоне ҳастанд, ки онҳо дар майдони имтиҳони Илоҳӣ бо сари баланд тобеъи пайғамбарон будаанд. Аммо барои кофирону мушрикон, мунофиқону гунаҳгорон Худованд азоби аламнокро омода кардааст, ки болои дардашон дард, боли ҳасраташон ҳасрат изофа шуда мегӯянд: «Эй кош, мо низ аз ҷумлаи содиқон мешудем». Барои маълумоти бештар ба ояти 43-уми сураи «Аъроф» муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «