Тафсири Сураи Анбиё Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
اقْتَرَبَ لِلنَّاسِ حِسَابُهُمْ وَهُمْ فِي غَفْلَةٍ مُعْرِضُونَ ١
Иқтараба ли-н-наси ҳисабуҳум ва ҳум фӣ ғафлати-м муъриЗун. 1.
1. Наздик шуд ба мардум ҳисоби (амалҳои) онҳо ва онҳо ҳамчунин дар ғафлату (аз ҳузури он рӯз) рӯйгардонанд.
Худованд дар ин оят мардуми ғафлатзадаро (хоҳ кофир бошанд, хоҳ муъмин) ҳушдор додааст, ки қиёмат (рӯзи ҳисоби амалҳо ва подош) наздик аст, вале онҳо дар дарёи орзу ва ҳавасҳо ғӯтаваранд ва аз он рӯзи пурҳаросу даҳшатангез ғофиланду саргарми бархӯрдориҳои зиндагӣ, гирифториҳои дунё буда, барои охирати худ амали фоидаоваре анҷом намедиҳанд.
Барои таъкиди ин сухан, ки рӯзи қиёмат наздик аст, Имом Бухорӣ ва Имом Муслим аз Анас (р) ҳадисеро ривоят кардаанд, ки Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ман ва қиёмат монанди ин ду ангушт (ба ҳам наздик) ҳастем» ва ангушти шаҳодат (ишора)-у миёнаро ба ҳам наздик намуда ба наздикии қиёмат ишора намуданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «