Сураи Анбиё Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 10

لَقَدْ أَنْزَلْنَا إِلَيْكُمْ كِتَابًا فِيهِ ذِكْرُكُمْ ۖ أَفَلَا تَعْقِلُونَ ١٠

Лақад анзална илайкум китабан фӣҳи зикрукум а-фа ла таъқилун. 10.

10. Ҳаройина, фурӯ фиристодем ба сӯйи шумо Китобе, ки дар он барои шумо панд аст. Оё намефаҳмед?

Худованд дар ин оят ба мушрикони араб ҳушдори дигаре дода бо қасам сухани худро таъкид намуда, фармудааст, ки ҳаройина (қасам, ба Худо эй мушрикони Макка эй ҷамоъаи Араб (ё эй қабилаи Қурайш!), Мо Китоби бузург, пурифтихор ва беназир (Қуръон)-ро нозил кардем, ки дар он шараф, мақому мартаба, панду ҳикмат ва зикри беҳтарин амалҳо ва ахлоқ барои шумо муқаррару дарҷ гардидааст. Чаро ин неъматро намефаҳмед, дарк намекунед, чаро ба он чӣ Муҳаммад (с) бароятон оварда аст, имон намеоваред?

Муфассирон гуфтаанд: Мурод аз «Китоб» Қуръон аст ва мурод аз «зикр» шарафу овозаи Ӯст. Бо ин маъно, ки чун Қуръон, ба забони арабӣ нозил гардид, сабаби иззат ва ифтихори доимии шумост. Шумо бояд ба қадри он бирасед.

Ҳамон гуна ки дар таърих мушоҳида шудааст, Ҳақ таъоло ҷаҳони арабро бо баракати Қуръон (ва амал ба он) бар ҳама дунёи мутамаддини замони худ ғалаба дод ва дар тамоми олам иззат ва овозаи он мунташир шуд. Ҳама медонад, ки ин ҳама шараф бар асоси хусусияти ҷуғрофиёӣ, забонӣ ё тоифагии онҳо набуда, балки фақат ба баракати Қуръон аст. Агар Қуръон (ва амал ба он) намебуд, шояд имрӯз касе аз исми араб ёд намебурд.

Таърих гувоҳ аст, ҳангоме ки бо тадриҷ сиёсатмадорони давр аз амал ба гуфтаҳои Қуръону Пайғамбар (с) дур шуданд, қудрату шараф аз дасташон рафт. Уммати исломӣ ба зарбаҳои душманонаш тоб оварда натавониста, аз рӯи хусусиятҳои ҷуғрофӣ, забонӣ ва ғ. ба давлатчаҳои хурд тақсим шуд. То асри ХХ, бисёре аз халқҳои мусалмон хору залил шуда, ғуломи аҷнабиён буданд.

Маснавӣ

Аҳли Қуръонанд аҳли Аллоҳу бас

Андар эшон кай расад булҳавас

Ҳар ки андар доми нафсасту ҳаво

Аҳли шайтон аст, на аҳли Худо.

(Т. Ҳусайнӣ)


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)