Сураи Анбиё Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 11

وَكَمْ قَصَمْنَا مِنْ قَرْيَةٍ كَانَتْ ظَالِمَةً وَأَنْشَأْنَا بَعْدَهَا قَوْمًا آخَرِينَ ١١

Ва кам қасамна мин қарятин канат залимата-в ва аншаъна баъдаҳа қавман ахарӣн. 11.

11. Ва бисёр шикастем аҳли деҳаҳоро, ки (аҳли он) ситамгор буданд ва баъди онҳо гурӯҳи дигареро пайдо сохтем.

Худованди таъоло дар ин оят ба кофирон ва мушрикон нисбат ба таҳдиди пештара ҳушдор ва таҳдиди такондиҳандатаре дода, фармудааст, ки Мо бисёре аз аҳли шаҳрҳо (деҳаҳо)-ро, ки ба оятҳои Мо кофир шуданд ва пайғамбаронро дурӯғгӯ ҳисобиданд, бо вуҷуди нерӯ ва шавкате, ки доштанд, нобуд ва решакан намудем. Баъд аз онҳо миллати дигареро халқ кардем ва он нав падидомадагонро сокини диёри онҳо гардонидем.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)