Сураи Анбиё Ояти 103 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 103 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 103

لَا يَحْزُنُهُمُ الْفَزَعُ الْأَكْبَرُ وَتَتَلَقَّاهُمُ الْمَلَائِكَةُ هَٰذَا يَوْمُكُمُ الَّذِي كُنْتُمْ تُوعَدُونَ ١٠٣

Лоа яҳзунуҳуму-л-фазаъу-л акбару ва таталаққаҳуму-л-малаикату ҳаза явмукуму-л-лазӣ кунтум туъадун. 103.

103. Андӯҳгин насозад онҳоро он тарси бузург ва пеш оянд онҳоро фариштагон, гӯянд: «Ин аст он рӯзе, ки шуморо ваъда дода мешуд».

Абдуллоҳ ибни Аббос (р) зимни ояти мазкур фармудааст, ки мурод аз «Тарси аввал» дуввумин бор дамидани Исрофил (а) дар сур аст, ки ба воситаи он ҳамаи мурдагон зинда шуда тарсону ҳаросон ба майдони ҳисоб ҳозир мешаванд.

Аммо тарс ва ҳароси он рӯз накӯкоронро андӯҳгин намекунад. Фариштагон бар дарҳои Биҳишт истода онҳоро истиқбол намуда, табрик мегӯянд, ки ин ҳамон рӯзи бархурдорӣ аз неъматҳоест, ки дар дунё ба ивази имон ва амалҳои некатон Худованд ба шумо ваъда дода буд. Ҳоло Мо муждаи гуворои, лаззат ва сурури онро ба шумо медиҳем.

Некмардонро наъим андар наъим,

Ишқбозонро лиқо андар лиқо.

Ҳиссаи онҳо висоли ҳури ъайн,

Баҳраи онҳо ҷамоли Кибриё.

(Т. Ҳусайнӣ)


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 102 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 104 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)