Сураи Анбиё Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 3

لَاهِيَةً قُلُوبُهُمْ ۗ وَأَسَرُّوا النَّجْوَى الَّذِينَ ظَلَمُوا هَلْ هَٰذَا إِلَّا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ ۖ أَفَتَأْتُونَ السِّحْرَ وَأَنْتُمْ تُبْصِرُونَ ٣

Лаҳиятан қулубуҳум. Ва асарру-н-наҷва-л лазӣна заламу ҳал ҳаза илла башару-м мислукум. А-фа таътуна-с-сиҳра ва антум тубсирун. 3.

3. Ғофил шудааст дилҳои онҳо ва ин золимон бо ҳам пинҳон роз гуфтанд, ки «Нест ин шахс, магар одамӣ монанди шумо, оё сеҳрро қабул мекунед ва (ҳол он ки) шумо медонед?».

Худованд дар ин оят зикри аҳволи ботинии мушрикон ва кофиронро идома дода фармудааст, ки ҳар гоҳ ояти наве нозил мешуд, онҳо онро дар чунин ҳоле мешунавиданд, ки комилан дилҳояшон аз ёди Худованд ва охират ғофил шуда буд.

Яъне мушрикони он давр гумон мекарданд, ки бояд пайғамбар аз фариштагон бошад, аз ин сабаб он ситамгарон (кофирон ва мушрикон) бо ҳам пинҳонӣ мегуфтанд, ки ин шахсе, ки худро пайғамбар ва набӣ медонад, монанди мо одами оддӣ аст, мисли мо ба хӯрдан, нӯшидан ва дигар амалҳо эҳтиёҷ дорад. Пас ӯ фаришта нест, ки мо суханҳояшро бипазирем.

Оятҳои қуръонӣ дилкаш ва дилрабоанд. Ҳатто кофир ҳам аз шунидани онҳо мутаассир шуда дар ботин ба хулоса меояд, ки онҳо сухани инсон нестанд, балки дар ҳақиқат каломи Парвардигори оламиёнанд. Мушрикони он давр барои аз пайравии дини ҳақ боздоштани мардум оятҳои Қуръонро сеҳр ва Муҳаммад (с)-ро сеҳргар эълон мекарданд ва байни худ оҳиставу пинҳонӣ мегуфтанд, ки оё дидаву дониста боз шумо ба сеҳр бовар мекунед ва аз паи ин шахс Муҳаммад (с) меравед?


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)