Сураи Анбиё Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 30

أَوَلَمْ يَرَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَنَّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ كَانَتَا رَتْقًا فَفَتَقْنَاهُمَا ۖ وَجَعَلْنَا مِنَ الْمَاءِ كُلَّ شَيْءٍ حَيٍّ ۖ أَفَلَا يُؤْمِنُونَ ٣٠

А-ва лам яра-л лазӣна кафару анна-с-самавати ва-л-арЗа каната ратқан фа фатақнаҳума. Ва ҷаъална мина-л-маи кулла шай-ин ҳаййин а-фа ла юъминун. 30.

30. Оё кофирон надиданд, ки осмонҳо ва Замин баста буданд, пас, инҳоро во кардем ва аз об ҳар чизи зиндаро пайдо кардем? Оё имон намеоранд?

Муфассирони олиқадр дар шарҳи калимаҳои арабии «ратқ» (пайвастагӣ) ва «фатқ» (ҷудоӣ) ки дар ин оя зикр шудаанд, суханҳои бисёр гуфтаанд. Бинобар фикри гурӯҳе аз онҳо маънои «ратқ» бо ҳам баста, омехта аст ва маънои калимаи «фатқ» кушода аст. Дар натиҷа маънои мухтасари ояти мазкур, валлоҳу аълам, чунин аст, ки Худованд ба кофирон ва мушрикон бо саволи инкорӣ муроҷиат намуда, бо сарзанишу маломат диққати онҳоро ба аҷоиботи офаридаҳои Худ дар оламе, ки инсонҳоро иҳотакунанда аст, ҷалб намуда, гуфтааст, ки оё ин кофирон намедонанд, ки осмонҳо ва замин (қаблан) бо ҳам баста (дар якдигар омехта, бо ҳам часпида, якто) буданд, пас Мо онҳоро (аз ҳам) кушодем (ва аз осмон борон боронидем) ва аз об ҳар чизи зиндаро офаридем?

Пас, аз мушоҳидаи олами ҳастӣ «чаро онҳо имон намеоранд?»

Мухтасаран фикри муфассир, саҳобаи бузург Абдуллоҳ ибни Аббос (р) дар шарҳи мазмуни ояти мазкур чунин аст: … дар марҳилаи ибтидо осмонҳо ва Замин аз якдигар ҷудо набуданд. Холиқи муқтадир ҳар дуро аз ҳам ҷудо кард. Пас аз ҷудоӣ ҳар як ба тарзи ҷудогона муташаккил гардиданд, вале дар ин ҳол боз ҳам «баста» буданд, ба ин маъно, ки на аз осмон борон меборид ва на дар Замин наботот мерӯид. Билохира Худованд барои фоидаи махлуқоти худ аз Осмон борон боронид ва дар замин наботот рӯёнид. Аз он ҷое, ки Қуръон китоби як аср нест, балки дар тамоми асрҳо барои инсон раҳнамо ва роҳкушо аст, фикри гурӯҳе аз мутахассисони муосири табиатшиносӣ бо назардошти дастовардҳои илме, ки ба шарҳи ин қисми ояти мазкур марбут аст, чунин аст:

«Кайҳоншиносон оид ба пайдоиши кайҳони имрӯза ба хулосае омаданд, ки олами ҳастӣ бо тамоми он чи дар он ҳаст, дар марҳилаҳои ибтидоии пайдоиш дар як фазои маҳдуди хеле хурд ҷойгир бо ҳам омехта, часпида якто буд. Баъд таркиши бузурге рӯй дод ва зарраҳои он чун моддаи аввала ба парокандашавӣ оғоз карданд. Бо мурури замон аз бо ҳам бархӯрии маҳсулоти таркиш, зарраҳо, атомҳо, ҷирмҳо, ситораҳо, сайёраҳо, каҳкашон (галактика)-ҳо пайдо шуданд. Таъсири он таркиши бузург ҳоло ҳам идома дорад.

Мушоҳидаҳои олимон исбот кардааст, ки кайҳон беист васеъ шуда истодааст, ҳамаи ситораҳо ва каҳкашонҳо ҳоло ҳам аз ҳамдигар ва аз маркази таркиши бузург бо суръати хеле бузург дур шуда истодаанд. Хулосаи илмии олимони муъосир хеле ҳайратовар аст, аммо ҳайратовартар он аст, ки ин хулоса бо ояти 47-уми сураи «аз-Зориёт» мувофиқ аст. Зеро Худованд дар он оят чунин хабар додааст: «Ва осмонро тавонмандона барафроштем ва бе гумон мо тавсеъадиҳанда, (васеъкунанда)-гонем». Яке аз олимони машҳури асри ХХ Пол Девис, ки мусулмон нест ва аз таълимоти Қуръон бехабар аст, чунин гуфтааст: Суръати васеъшавӣ аз бузургии бӯҳронӣ боло рафта, ба кайҳон имконияти оддии озодшавиро аз қувваи ҷозибаи худ медиҳад ва кайҳон беист васеъ мешавад. Агар суръати васеъшавӣ каме сусттар мебуд, кайҳон ба худ фурӯ мерехт ва агар каме зиёдтар мебуд, моддаҳои кайҳон кайҳо аз ҳам пурра пош мехӯрданд… Таркиши бузург таркиши оддӣ нест, балки бо барномаи муайян таҳрезӣ шудааст». Дар давоми фикрронии худ Пол Девис иқрор шуда гуфтааст, ки Кайҳони ҳозира бо нозукӣ, хеле моҳирона (ҷузъ-ҷузъ) аз тарафи Ақли Олӣ барномарезӣ шуда аст». Яъне омӯзиши дақиқи табиате, ки атрофи инсон аст, як инсони донишманди аз илми Қуръон бехабарро ба хулосае овардааст, ки онро кайҳо 14 аср муқаддам, Худованд ба Пайғамбар (с) хабар дода аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Оё ин Қуръон мӯъҷиза нест? Албатта мӯъҷиза аст.

Дар давоми оят Худованд фармудааст, ки ҳар чизи зиндаро аз об падид овардем.

Ин қисми ояти мазкур дар тадқиқоти олимони илми зистшиносӣ (биология) низ тасдиқи худро ёфтааст. Тадқиқоти илми зистшиносӣ ба хулоса омадааст, ки ҳама мавҷудоти ба гурӯҳи «зинда»-ҳо дохилшаванда аз ҳуҷайра ё чанд ҳуҷайраҳо таркиб ёфтаанд. Дар таркиби ҳамаи ҳуҷайраҳои зинда миқдоре об мавҷуд аст. Об муҳити асосиест, ки дар он қисмҳои таркибии ҳуҷайра фаъолият мебаранд. Агар бо василае об аз ҳуҷайра берун гардад, ҳуҷайра аз фаъолият боз мемонад. Ҳангоми омӯзиши таърихии инкишофи Замин ва мавҷудоти зинда олимони табиатшинос ба хулосае омаданд, ки аввалин нишонаҳои организмҳои зинда дар оби баҳрҳо ба вуҷуд омада, баъд ба дигар қисмҳои Замин гузаштаанд.

Ин аст хулоса ва фишурдаи тадқиқоти зистшиносон доир ба ин мавзӯъ, ки ҳоло маълуму машҳур аст. Ин натиҷаро олимоне ба даст оварданд, ки аз ин ояти Қуръон хабаре надоштанд. Аммо 14 қарн пеш Офаридгори олам ҳақиқати офариниши мавҷудоти зиндаро дар ояти мазкур хабар дода буд. Бе ихтиёр мегӯем: «Аллоҳу Акбар!!»

Хулоса, агар тамоми тадқиқоти илмҳои замони муъосирро, ки ба ояти мазкур дахл доранд, ҷамъоварӣ кунем, ҷилд-ҷилд китоб мешавад. Оё бо тарзи мухтасар баёни ин ҳама маълумотҳои беохир, дар ин оят ҳайратовар нест? Оё баъди дарки ҳама ин ҳақиқатҳо ҳақ ба ҷониби Офаридгори олам нест, ки дар охири ояти мазкур фармудааст: «Оё онҳо (олимон, мутафаккирон) имон намеоранд?»

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)