Тафсири Сураи Анбиё Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 31
وَجَعَلْنَا فِي الْأَرْضِ رَوَاسِيَ أَنْ تَمِيدَ بِهِمْ وَجَعَلْنَا فِيهَا فِجَاجًا سُبُلًا لَعَلَّهُمْ يَهْتَدُونَ ٣١
Ва ҷаъална фи-л-арЗи равасия ан тамӣда биҳим ва ҷаъална фӣҳа фиҷаҷан субула-л лаъаллаҳум яҳтадун. 31.
31. Ва дар Замин кӯҳҳоро пайдо кардем, то мабодо Замин онҳоро (сахт) биҷунбонад ва дар он ҷо роҳҳои кушода пайдо кардем, то бошад, ки онҳо роҳ ёбанд.
Дар ин оят ҳам ҷалби диққати хонанда ба муъҷизаҳои Офаридгор идома дошта, яке аз марҳилаҳои таърихи офариниши Замин барраси шудааст. Бинобар натиҷаҳои тадқиқоти олимони Заминшинос (геолог), дар марҳилаи муайяни офариниш, сатҳи Замин хеле ноором буд. Хурӯш ва ҷӯшиши вулқонҳо (танӯроташҳо) ва заминларзаҳо дар сатҳи Замин имконияти ҳаётро маҳдуд менамуданд. Заминшиносон сабаби зоҳирии нооромиҳоро дар он марҳала дар моеъ будани ҳаста (ядро)-и Замин, тунук ва ноустувории қишри сатҳи болои он медонанд. Ба фикри онҳо таносуби қувваҳо байни ҳастаи пурҳарорати Замин ва қишри болоӣ дар мувозинат набуд..
Худованди Раҳмон дар ояти мазкур фармудааст, ки барои барқарор кардани мувозинат байни қишрҳои Замин, кӯҳҳои бузург ва вазнинро офаридем, то Замин аз ларза боз монда ва ором гардад. Ҳамчунин байни кӯҳҳо тарқишҳо (дарраҳо)-ро офаридем то махулоқот аз онҳо ҳамчу роҳ истифода баранд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «