Тафсири Сураи Анбиё Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 32
وَجَعَلْنَا السَّمَاءَ سَقْفًا مَحْفُوظًا ۖ وَهُمْ عَنْ آيَاتِهَا مُعْرِضُونَ ٣٢
Ва ҷаъална-с-самаа сақфа-м маҳфуза. Ва ҳум ъан айатиҳа муъриЗун. 32.
32. Ва Осмонро сақф (бом)-и нигоҳдошташуда сохтем ва онҳо аз нишонаҳои осмонӣ рӯйгардонанд.
Ояти мазкур диққати хонандаро ба аҷоиботи офаридаҳои Худованд ва ба маълумотҳои зерин ҷалб намудааст. Калимаи «сақф» одатан маънои шифти манзилро ифода менамояд. Сақф вазифаи ҳимоягарӣ аз гармои Офтоб, борон, барф ва ғайраро иҷро менамояд. Калимаи «маҳфуз» маънои нигоҳдошташударо дорост.
Калимаи «само» осмонро ифода менамояд. Калимаи “осмон” қисми болои Заминро ифода мекунад. Қабатҳои осмон номҳои ба худ хос ва хосиятҳои гуногун доранд, масалан атмосфера, ионосфера в. ғ. Атмосфера (қабати поёнӣ). Ионосфера қабатест иборат аз газҳои заряднок инонҳо. Магнитосфера (қабати соҳиби майдони магнитии атрофи Замин). Ҳарчанд баъд аз Магнитосфера то охири кайҳон дарбаргирандаи маънои мафҳуми осмон аст, мо аз дигар қабатҳо фақат Ионосфера ва Магнитосфераро баррасӣ менамоем.
Хулоса, ҳар лаҳза аз Офтоб ва аз кайҳон ба сӯи Замин зарраҳо ва нурҳои соҳиби энергия бо суръати хеле баланд, ки барои махлуқоти зинда ҳалокатоваранд, меборад. Хушбахтона, ҳар қабати осмон чун сақф (шифт) сатҳи Заминро аз ин борони таркибаш мухталифи марговар ҳимоя мекунад. Зарраҳои заряднок қад-қади хатҳои магнитӣ тоб хӯрда, ба дигар самт мераванд. Масалан нурҳои фавқи бунафш (ултрабунафш)-и кӯтоҳмавҷ дар қабати Ионофсера нигоҳ дошта мешаванд.
Ҷирмҳои хурд (астероид, метеорҳо) дар қабати ғавси ҳаво (атмосфера) аксаран сӯхта нобуд мешаванд. Мутаасифона аксари мардум дуруст тадаббур андеша намекунанд, то аз мавҷудият ва ваҳдонияти Холиқи якто пай баранд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «