Рӯзи мардон дар куҷо кай таҷлил мешавад?

0

23 феврал ҳамчун Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар миёни собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо дар Россия ва Тоҷикистон таҷлил мешавад. Азбаски дар Россия ва кишвари мо мансуб ба мардон дигар ҷашне вуҷуд надорад, 23 февралро иди мардон – ҳомиёни Ватан медонанд. Вале, аҷиб ин аст, ки дар бисёре аз кишварҳои олам Рӯзи мардон расман таҷлил мегардад.

Ба унвони мисол Рӯзи байналмилалии мардон 19 ноябр дар ИМА, Британиёи Кабир, Австралия, Ҳиндустон, Маҷористон, Ирландия, Малта, Тринидад ва Тобаго, Гана, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Сингапур ва Ямайка ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин, дар Канада, ИМА, Аргентина ва Фаронса Рӯзи падарро, ки аллакай бисёриҳо онро дӯст медоранд, якшанбеи сеюми моҳи июн таҷлил мекунанд. Ин рӯз дар кишварҳои Британияи Кабир, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Куба, Туркия ва Ҷопон низ чун рӯзи муҳиму шоиста дониста шудааст, вале, ҷашнгирии он 3 март сурат мегирад.

Мардони беришу занони ришдор (ё чаро баъзе мардон риш надоранд?)


http://jumhuriyat.tj/

Мақолаи қаблӣ10 сухани илҳомбахш аз китоби “Ғамгин машав”-и Оизи Қарнӣ
Мақолаи баъдӣСнайпер чӣ маъно дорад?

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед