Сураи Анбиё Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 35

كُلُّ نَفْسٍ ذَائِقَةُ الْمَوْتِ ۗ وَنَبْلُوكُمْ بِالشَّرِّ وَالْخَيْرِ فِتْنَةً ۖ وَإِلَيْنَا تُرْجَعُونَ ٣٥

Куллу нафсин заиқату-л-мавт. Ва наблукум би-ш-шарри ва-л-хайри фитната-в ва илайна турҷаъун. 35.

35. Ҳар нафс чашандаи марг аст ва шуморо ба сахтию осудагӣ имтиҳон мекунем ва ба сӯйи мо бозгардонида мешавед.

Агар мушрикон ва кофирон интизори марги ту бошанд, онҳо бояд бидонанд, ки ҳама мавҷудоти зинда чашандаи марганд. Рӯзе мерасад, ки онҳо ҳам мемиранд. Пас, набояд дар интизории марги ту хурсандӣ дошта бошанд.

Дар давоми оят Худованд фармуд, ки шуморо бо гирифтор кардан ба бадиҳо ва ноил гардонидан ба некиҳо озмоиш мекунем. Абдуллоҳ ибни Аббос (р) фармуданд: «Шуморо ба осонӣ ва сахтӣ, саломатӣ ва беморӣ, тавонгарӣ (сарватмандӣ) ва фақр, ҳалол ва ҳаром, тоъат (фармонбардорӣ) ва маъсият (сарпечӣ), ҳидоят (роҳнамоӣ) ва залолат (роҳгумзадагӣ) меозмоем, то бубинем, ки шукр ва сабри шумо чӣ гуна аст».

Хушбахтона, баъзе аз мардум дар чунин озмоишҳо (сахтиҳо) сабр мекунанд, бадоҳатан ба ёди Худо меафтанд, тавба мекунанд, аз Худо ёрӣ меҷӯянд, ибодаташон бештару беҳтар мегардад ва бо ёрии Худованди карим он душвориҳоро бо муваффақият паси сар мекунанд.

Мутаассифона, санҷиш бо неъматҳо аз санҷиш бо маҳрумиҳо ба маротиб душвортар аст. На ҳама аз уҳдаи он имтиҳон мебароянд. Зеро неъмати фаровон дар паи худ фориғболӣ, ғурур, худбоварӣ ва ғафлат ба бор оварда инсонро аз шукр ва ибодати Худованд дур мегардонад. Ҳазрати Умар (р) дар ин мавзуъ чунин гуфтаанд: «Мо бо машаққатҳо озмуда, шудем, сабр карда тавонистем, вале вақте ки ба айшу ишрат мубтало шудем, натавонистем дар ивази онҳо сабр кунем».

Хулоса, бояд инсон дар машаққатҳо босабр ва дар неъматҳо шукргузор бошад, зеро ҳама ба зудӣ ба сӯи Худованди бузургу тавоно барои бозпурсӣ ва подоши амалҳо бозгардонида мешаванд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)