Сураи Анбиё Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 47

وَنَضَعُ الْمَوَازِينَ الْقِسْطَ لِيَوْمِ الْقِيَامَةِ فَلَا تُظْلَمُ نَفْسٌ شَيْئًا ۖ وَإِنْ كَانَ مِثْقَالَ حَبَّةٍ مِنْ خَرْدَلٍ أَتَيْنَا بِهَا ۗ وَكَفَىٰ بِنَا حَاسِبِينَ ٤٧

Ва наЗаъу-л-мавазӣна-л-қиста ли явми-л-қийамати фа ла тузламу нафсун шай-а. Ва ин кана мисқола ҳаббати-м мин хардалин атайна биҳа. Ва кафа бина ҳасибӣн. 47.

47. Рӯзи қиёмат тарозуи адлро дар миён ниҳем, пас, бар ҳеҷ кас ҳеҷ ситам карда нашавад, ва агар (амал) ҳамсанги донаи сипанд бошад, онро ҳозир кунем. Ва Мо Худ ҳисобрасиро, басандаем.

Худованд дар ин оят хабар додааст, ки Мо рӯзи Қиёмат барои санҷиши амалҳои бандагон тарозуи адолатро, ки рост, дуруст ва дақиқсанҷ аст, ба кор мебарем.

Дар шакли ҷамъ омадани калимаи тарозу ба чӣ маъност? Ба фикри Ибни Касир ва бештари олимон тарозуи адли Илоҳӣ дар рӯзи қиёмат як тарозу аст. Пас ба сиғаи ҷамъ «тарозуҳо» омадани он бо эътибори амалҳост. Зеро дар он рӯз амалҳои гуногун вазн мешаванд.

Аз амалҳои шахси накӯкор чизе коста ва чизе ба гуноҳи шахси бадкор афзуда намешавад, бигзор амалҳои анҷомшуда ба вазни як донаи хардал ночиз ҳам бошад, ба ҳисоб гирифта мешавад ва ҳамвазни он ҷазо, ё подош дода мешавад.

Дар охир Худованд бо таъкид гуфтааст, ки Мо ҳисобро дурусту маҳкам ва ҳар чи тамомтар барпо мекунем ва Мо барои муҳосиба кифоякунанда ҳастем, пас аз муҳосибаи Мо ниёзе ба ҳеҷ гуна ҳисоб ва китоб боқӣ намемонад.

Барои шарҳи муҳосибаи амалҳо дар ҳадиси шариф бо ривояти Имом Тирмизӣ аз ҳазрати Оишаи сиддиқа (р) омада аст, ки шахсе пеши Паёмбар (с) омад ва нишасту арз кард: “Ё Расулаллоҳ (с), ман ду ғулом дорам, ки маро такзиб (инкор) мекунанд, дар муомилаҳо хиёнат меварзанд ва аз дастури ман сарпечӣ мекунанд. Дар муқобил ман ҳам бо онҳо бад мегӯям ва бо дасти худ онҳоро мезанам, пас миёни ман ва ин ду ғулом ба чӣ шакл инсоф мебошад?”

Расули Худо (с) фармуд: “Нофармонӣ ва хиёнат ва сарпечии онҳо вазн мешавад, сипас дашном ва ҳақорат, лату кӯби ту низ вазн мешавад. Агар сазои ту аз ҷурм (гуноҳ)-и онҳо камтар шуд, пас ин аз тарафи ту эҳсон ҳисоб мешавад ва агар (сазои ту) аз ҷурми онҳо зиёда шуд, пас ба қадри зиёдатӣ аз ту қасос гирифта мешавад”. Он шахс аз онҷо баланд шуд ва ҷудогона нишаст ва ба гиря даромад. Расулаллоҳ (с) ба ӯ гуфт: «Магар ту дар Қуръон ин оятро нахондаӣ «Ва тарозуҳои адлро дар рӯзи қиёмат дар миён мениҳем». Он шахс гуфт: «Акнун барои ман ҷуз ин чора нест, ки ман онҳоро озод карда, аз ғаму андӯҳи ин муҳосиба бе фикр шавам».

Худованд дар оятҳои баъдӣ (48,49,50) хабар додааст, ки силсилаи панду насиҳатдиҳӣ ва аз хавфу хатар огоҳонидани мардум аз давраҳои пеш то ин дам давом дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)