Сураи Анбиё Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 46

وَلَئِنْ مَسَّتْهُمْ نَفْحَةٌ مِنْ عَذَابِ رَبِّكَ لَيَقُولُنَّ يَا وَيْلَنَا إِنَّا كُنَّا ظَالِمِينَ ٤٦

Ва ла им массатҳум нафҳату-м мин ъазаби Раббика ла яқулунна йа вайлана инна кунна золимӣн. 46.

46. Ва агар андаке аз уқубати Парвардигори ту ба онҳо расад, ҳаройина, мегӯянд: «Эй вой бар мо! Ҳаройина, мо ситамгор будаем».

Дар ояти мазкур баёни сифати мушрикон идома дорад, яъне карии ин мардум, ки худро қасдан аз шунидани ҳақ ношунаво сохта буданд, фақат то он вақт давом дорад, ки такони амалии ваъдаҳо ба онҳо дода шавад. Агар каме аз нишонаҳои қаҳр ва ҷазои азоби Илоҳӣ онҳоро дар бар гирад, фавран бедор мешаванд ва ба валвалаву вовайло пардохта, ба зулму ситами худ эътироф мекунанд ва қатъан мегӯянд: “Эй вой бар мо, бегумон мо ситамгор будаем”. Вале чӣ суд, ки ин бедории маҷбурӣ ба ҳоли онҳо ҳеҷ суде надорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)