Сураи Анбиё Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 49

الَّذِينَ يَخْشَوْنَ رَبَّهُمْ بِالْغَيْبِ وَهُمْ مِنَ السَّاعَةِ مُشْفِقُونَ ٤٩

Ал-лазӣна яхшавна Раббаҳум би-л-ғайби ва ҳум-м мина-с-саъати мушфиқун. 49.

49. (Парҳезгорон) касонеанд, ки аз Парвардигори хеш ғоибона метарсанд ва онҳо аз қиёмат бимноканд.

Ояти мазкур давоми ояти қаблӣ буда, сифатҳои парҳезгоронро номбар карда гуфтааст, ки парҳезгорон шахсонеанд, ки ҳарчанд Худоро надидаанд, тарси Худо дар дили онҳо ҷой дорад, зеро ба мавҷудияти Аллоҳтаъоло имони яқин доранд. Муфассирон аз Ибни Аббос (р) нақл кардаанд, ки эшон гуфтанд: “Ҳарки ба ваҳдонияти Худои таъоло ва ба мавҷуд будани Биҳишту Дӯзах ва ба зинда гардонидан баъд аз миронидан ва ба ҳисоб ва мизон (тарозу) имон дошта бошад, ба дурустӣ, ки аз Худои таъоло ба ғайб (нодида) тарсидааст. Зеро онҳо медонанд, ки Парвардигори бузург, тавоно, одил ва олим доранд ва ба ивази ҳар амалҳояшон аз ҷониби Ӯ подоши мувофиқро соҳиб мешаванд.”

Дар идомаи оят дигар сифати парҳезгорон бо калимаи «мушфиқун» ифода ёфтааст: Мушфиқун шахсонеанд, ки дар онҳо тарс бо эҳтиёткорӣ якҷоя (тавъам) аст.

Хулоса, парҳезгорон шахсонеанд, ки аз қиёмат, аз азоби он ва аз даҳшати он рӯз бимноканд. Аз инрӯ дар амалҳои худ эҳтиёткору нигаронанд, ки мабодо, амали нодурусте аз онҳо содир нашавад ва онҳо аз насиҳат манфиат мегиранд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)